Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими наврасони Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона мекунад
Рӯзи 7 ва 9 августи соли равон дар шаҳри Таифи Арабистони Саудӣ бозиҳои рафиқонаи дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои доир кардани ду бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 имрӯз, 5 август ба шаҳри Таиф сафар кард.
Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои мазкур байни ин дастаҳо 7 ва 9 август баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардида буд, ки 1-11 июли соли 2019 дар Урдун баргузор шуда буд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар шаҳри Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)- 2019 шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби наврасони Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор мешаванд.
Комментарии (0)