Раёсати хадамот: муҳоҷирони дохилӣ аз вилояти Суғд ба Данғара кӯч мебанданд
Раёсати хадамоти муҳоҷират дар Суғд, мегуяд, қариб панҷоҳ дарсад аз шумори 61 оилаи муҳоҷирони дохилӣ, ноҳияи Данғараро интихоб кардаанд
Шарифӣ Зайнура Шарофзода, Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ба қайдгирии муҳоҷирати дохилию экологии сокинон аз самтҳои фаъолияти ниҳоди онҳо аст.
Ӯ дар зимни нишасти матбуотӣ, дирӯз шумори муҳоҷирони дохилӣ дар соли 2019 ро шарҳ дода, афзуд, ки 30 оила аз ҳисоби 61 оила муҳоҷират ба ноҳияи Данғараро қабул кардаанд.“Муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳри Исфара ба ноҳияи Данғара 10 оила, аз ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Зафаробод 11 оила, аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба ноҳияи Хуросон 20 оила, аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба ноҳияи Данғара 20 оила, дар маҷмуъ 61 оилаи сокинони вилояти Суғд, дар соли 2019 ба нақшаи муҳоҷирати дохилӣ ҳамроҳ гардиданд, ки нисбати онҳо қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расидааст”, гуфт Зайнура Шарофзода.
Ба хонаводаҳое, ки ҳамчун муҳоҷирони дохилӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, барои роҳандозии корҳои сохтмонӣ ба онҳо қарзҳои имтиёзнок пешниҳод шуда шудааст.
Чанд сол муқаддам дар зимни суханронии худ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз сокинони вилояти Суғд даъват карда буд, то ба Данғара биёянд ва аз заминҳои фаррохи ҳудуди ин ноҳия истифода намуда, кору зиндагӣ кунанд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд теъдоди муҳоҷирони экологиро низ шарҳ дод.
Зайнура Шарофзода гуфт, бар асари боришоти боронҳои пайдарпаи имсол, бархе аз хонаҳои истиқоматии сокинон дар деҳоти кӯҳистонии Суғд хароб шудааст.
Аз ин лиҳоз ба гуфтаи Сардори Раёсат дар соли 2019 муҳоҷирати экологии 41 хонавода аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Деваштич, Исфара, Панҷакент ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Ба муҳоҷирони экологӣ, аз шаҳраки Сайҳун қитъаҳои замин ҷудо гардида, дар бунёди хонаҳои нав ба онҳо қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Комментарии (0)