Зулайхо Мамадшоева дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки консерти шаби 27 декабраш дар Маскав маҳз ба айби ташкилкунандагон ва Шайх ном блогер дучори "мушкил” шуд. Ӯ менависад, гуруҳаш бо харҷи зиёд аз Тоҷикистон то Маскав расид, вале ташкилкунандагон танҳо 80 фоизи пули онҳоро ва он ҳам бо машаққат пардохт кардааст. Зулайхо Шайхро ба он айбдор кард, ки дар ҳолати мастӣ дар консерти шаби 27 декабр нисбат ба ӯву гуруҳи эҷодиаш беадабӣ ва ӯро таҳдиду тавҳин кардааст. "Аз мухлисони азизу гиром
ӣ э
ҳтиромона хо
ҳиш мекунам, ки дар ин
қазия аз ман ва а
ҳли э
ҷод гиламанд нашаванд. Тамоми
қазия аз фиребгар
ӣ, найрангбоз
ӣ, дур
ӯғгӯӣ ва номардии ташкилкунандагони консерт ва Шайх аст
,” – навиштааст Зулайхо Мамадшоева. View this post on Instagram
Ба диккати тамоми мухлисон мерасонам, ки консерти шахри Маскав мазх бо хатокори ва бемасъулиятии такшилкунандагонаш дучори мушкил шуд. Тибки карордод ташкилкунандагон бояд кабл аз баромад музди маслихатшударо пардохт мекарданд, зеро гурухи эчодии мо бо харочоти зиёде аз Точикистон ба Маскав парвоз карданд. Зимнан чиптахои консертро низ ташкилкунандагон фурхтанд, аммо аз ичроиши талаботи карордод даст кашида, хайати эчодии моро хеле дар гурбат саргардон карданд. Окибат бо кумаки зумрае аз дустон ва кормандони консулгариву сафоратамон 80 % маблаги маслихатшударо бо талошу машаккат гирифтем, аммо пурра не. Ман бо ин хол ду маротиба дар назди мухлисони азизам баромад кардам. Махз эхтироми мухлисон водорам сохт, ки баромад кунам, вагарна бо ин найранги ташилкунандагони консерт хеч касе аз гурухи эчоди рози набуд, то сахна барояд. Дар масъалаи пул инро гуфтаниям, ки он маблаг танхо харчи сафари дутарафа ва сарфи будубошашонро дар Москов рупуш мекарду халос. Яъне, маблаге нест, ки барои гуфтанаш ва ночавонмардона напардохтанаш овоз баланд кунанд. Дар рафти консерт Шайх ном нафаре, ки бо наворхояш дар Инстаграм машхур аст, дар холати масти хунармандонро хеле тахкир кард ва ин Шайх нафарест, ки дар масъалаи пардохти пули консерт хунармандонро дидаву дониста фиреб дод. Баъди ду маротиба ба сахна баромадан ман аз он макон рафтам, вале ташкилкунандаи консерт дар пеши мардум ба сахна баномада, бо суханони дуруг ба мардум мегуяд, ки гуё Зулайхо маблагро гирифтаасту пурра нахонда гурехтааст. Дар асл ин тоифа ахли хунарро фиреб доданд. То хол пули моро пурра пардохт накарданд. Боз Шайх тахдид карда, аз номи одамони воломакоми кишвар харф мезанад, ки гуё конун ба у дахл надорад, чизе хохад мекунад. Тахдид ва тахвин! Барои тахдиду тахвин конун чазо мукаррар кардааст. Хулоса, аз мухлисони азизу гироми эхтиромона хохиш мекунам, ки дар ин казия аз ман ва ахли эчод гилламанд нашаванд. Тамоми казия аз фиребгари, найрангбози, дуруггуи ва номардии ташкилкунандагони консерт ва Шайх аст. Мо ба хотири эхтироми хамватанони азиз ба Моков омадем, аммо хамин одамоне, ки моро даъват карданд, хамватанони азизи моро фиреб доданд. Хеле мутаассифам, ки ин нокасон гуноху хатои худро ба сари хунарма
A post shared by Zulaykho Mahmadshoeva (@zulaykhoofficial) on
Комментарии (0)