Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 108 медали тилло оварданд

Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 108 медали тилло оварданд
Варзишгарони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 231 медал: 108 тилло, 16 нуқра, 105 биринҷӣ гардиданд

 Ин нуктаро раиси Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар нишасти матбуотӣ зикр намуд.

Раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам бо хушнудӣ иброз дошт, ки аз ҷумла шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад  мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда  67 медал зиёд аст.

Аҳтам Абдуллозода дар мавриди омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз ҷумла иброз дошт, ки миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 5 федератсияи варзишӣ нақшаҳои омодагии сеҷониба ба имзо расидааст ва варзишгарон дар асоси он ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва литсензионӣ сафарбар мегарданд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар бо унвони "Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", 63 нафар бо унвони "Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", 5 нафар бо унвони "Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ", 2 нафар бо унвони "Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва 4 нафар бо унвони "Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардиданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий