Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассис омода намуд

Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассис омода намуд
Аз авоили июн то охирҳои моҳи июли соли равон низомиёни Русия аз руйи 14 намуд ихтисос ҳарбиёни тоҷикро омӯзонда, тайёр намуданд

Низомиёни Русия аз  авоили соли ҷорӣ беш аз ҳазор мутахассисро барои артиши Тоҷикистон тамрин дода, омода намуданд.

Дар  ин бора дафтари матбуоти округи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад.

Бар хабари манбаъ, давоми соли ҷорӣ Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон наздики як ҳазор низомии тоҷикро тамрин додааст.

Гуфта мешавад тамрини низомиёни тоҷик аз  руйи 14 ихтисос аз моҳи июн то авохири июл давом ёфта буд.

Курси таълимӣ бо иҷрои машқҳои тирандозии назоратӣ аз яроқу аслиҳаи муқаррарии техникаи ҷангӣ, яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар ду размоишгоҳ - Лоҳур ва Самбулӣ анҷом ёфта буд, менависад манбаъ.

Зимнан кайд мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супориданд ва сазовор ба гирифтани сертификати ихтисоси дахлдор гардиданд.

Низомиёни Русия сарбозони Тоҷикистонро аз соли 2015 дар доираи Созишнома дар бораи ҳузури Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таълим медиҳанд.

Тибқи санади имзошуда, пойгоҳи 201- уми Русия то соли 2042 дар қаламрави  Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий