Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд

Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд
Имомхатиб Абубакров талоқ тариқи смс-ро сахт интиқод карда гуфт, ин гуна амалҳо аз нодонӣ дарак медиҳад

 Ҷудошавӣ ё талоқ тариқи смс дар Ислом - анъанаи бардурӯғ аст, ки миёни мардум паҳн шудааст, гуфт имомхатиби масҷиди "Бишболта" Шавкат Абубакров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Имрӯз бетартибиҳо дар Ислом басанда аст", - қайд кард имомхатиб.

Масалан дар зиндагии хонаводагӣ - талоқ тариқи смс. "Чунин бетартибӣ бар он сабаб аст, ки бархе аз мусалмонон аз дин дуранд", - афзуд ӯ.

Абубакров гуфт, ки қисме аз мусалмонон танҳо аз рӯи шунидашон амал мекунанду худ дар бораи дину мазҳаб кам мехонанду медонанд.

Ба гуфти имомхатиб ин навъи ҷудошавӣ ҳамаҷо паҳн шудааст, "агар ҳам ягон русро пурсӣ, мегӯяд, ки бале се бор талоқ мегӯӣ тамом, аз занат ҷудоӣ".

"Онҳое, ки мегӯянд дар дини ислом ҳастем вале худро бештар одами дунявӣ муаррифӣ мекунанд, аз бехудоён фарқе надоранд", - қайд кард имомхатиб.

Ёдрас мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро чанде боз даъват доранд, ки аз талоқдиҳӣ тариқи смс, ки бештар аз ҷониби муҳоҷирон, амалӣ мешавад, даст кашанд.

Рӯзи 24 июли соли 2019 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки талоқдиҳӣ тариқи смс-ро бас кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий