Нақшаи рангубори 2224 бино дар Душанбе: Зувайдзода гуфт, аз ҳисоби кӣ

Нақшаи рангубори 2224 бино дар Душанбе: Зувайдзода гуфт, аз ҳисоби кӣ
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод, ки нақшаи рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро доранд

Тибқи иттилои Зувайдзода, дар 3 соли оянда бунёди 21 мактаб барои 18 594 ҷойи нишаст, 74 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, сохтмони 133 биноҳои баландошёна ва рангубори 2224 бино пешбинӣ шудааст.

“Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 653 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 448 адад биноҳо ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 16,0 фоизи иҷроиши нақшаи умумии чорабиниҳоро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод шаҳрдорӣ.

Ноиби раиси Душанбе дар мавриди ҷамъоварии маҷбурии маблағ аз сокинон барои рангубори биноҳо изҳор дошт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, аз шаҳрвандон даъват намуд, алайҳи масъулине, ки чунин талаб мекунанд, ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд. Ӯ эътироф кард, ки маблағи буҷа барои таъмири ҳамаи баш аз 2 ҳазор бино намерасад ва тавзеҳ дод, ки бо дастгирии соҳибкорон ва афроди саховатпеша ин корро амалӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе дар маҷмуъ теъдоди биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, ҳудуди 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий