АФОМ: мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд
Дирӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни футболбозони то16-сола оғоз гардид
Бар хабари Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, тими наврасони Тоҷикистон бозии нахустинашро бо дастаи наврасони Узбекистон мусовӣ (1:1) анҷом дод.
Ба голи задаи ҳамлавари узбакистонӣ Рустам Турдимуродов дар дақиқаи 28-ум, футболбозони тоҷик тавассути голи Алиҷон Айнӣ дар дақиқаи 59-ум ҷавоб доданд.
Дар даври аввал, инчунин 2 бозии дигар баргузор шуд. Футболбозони навраси Эрон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, бозии Қирғизистон ва Афғонистон мусовӣ – 2:2 – хотима ёфт.
Имрӯз – 27 июл бозиҳои даври дуюм доир мегарданд. Тими наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Қирғизистон вомехурад. Оғози бозӣ – соати 18:00.
Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷуфти Афғонистон-Туркманистон вориди майдон мегарданд. Соати 20:30 бошад, дар Душанбе бозии Узбекистон бо Эрон оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома қаҳрамонии АФОМ (U-16) тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.
Комментарии (0)