Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ду медали тилло ва як нуқра шуданд
Аз 17 то 21 июли соли равон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтеновҳо дар шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон 20-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 105 нафар варзишгар аз 6 давлат – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар – Сорбон Каримов (49кг), Муродҷон Ёқубов (52кг), Шамшер Саидов (64кг), Далерҷон Шарипов (60кг), Шоҳрух Ҷиянов (69кг), Рамоил Қурбонов (75кг) ва Абдулло Кенҷаев (75кг) ширкат намуда, ба гирифтани ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра мушарраф шуданд.
Медали тиллоро Рамоил Қурбонов дар вазни 75 кг ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар Иля Медяник, дар нимфинал бар Бекболат Абдулкарим ва дар финал бар Одил Соттибеков (ҳар се аз Қазоқистон) пирӯз шуд.
Медали нуқраро Сорбон Каримов дар вазни 49кг сазовор гардид. Сорбон дар чорякфинал Арал Бозорбоев, дар нимфинал Дамир Маналибоевро шикаст дода, дар финал аз Темирлан Айтан (ҳар се аз Қазоқистон) мағлуб шуд.

Комментарии (0)