ҲАМЛА БО КОРД

ҲАМЛА БО КОРД
23.07.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ шаҳрвандон: Назирмадов Сахи Саидмуъминович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. С.Айнӣ х.48, Шамсов Комрон Насриддинович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Б.Ғафуров х.14/4 ва Аламов Зикрулло Абуқосимович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Саъдӣ дастгир карда шуданд. Номбурдагон, санаи 22.07.2019 сол тахминан соати 09.00 дақиқа ҳангоми дар кӯч. Восеъ қарор доштанашон, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда бо шаҳрвандон: Самадов Далер Исмоилович 1989 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Москва, кӯч. Восеъ х.1/2 ва Каримов Муродалӣ Сайвалиевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Москва, кӯч.И.Сомонӣ х.1 ҷангу ҷанҷол карда, шаҳрванд Назирмадов С.С. бо корди дар дасташ буда, шаҳрванд Самадов Д.И-ро дар дасти чапу росташ ду маротиба задааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.  Далели шайъӣ 1- адад корд  гирифта шуда, тафтишот идома дорад. 

23.07.2019 сол шаҳрванд Қурбонова Садаф Сафаралиевна 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Сурхоб х.130/1 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 10.07.2019 сол тахминан соати 17.00 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш шавҳараш, Ахмедов Сафархӯҷа Рустамович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, ҷ/д Даҳана ва завҷаи 2-юмаш Толибова Мавзуна Эшмаҳмадовна 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.А.Ҷомӣ, ҷ/д Иттифоқ.деҳаи Озорбойҷон, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Қурбонова С.С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий