СӮИҚАСД БА ОДАМКУШӢ

СӮИҚАСД БА ОДАМКУШӢ
23.07.2019 сол тахминан соати 15:00 дақиқа шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсой-и н. Боткени вилояти Боткен, бо истифода аз яроқи оташфишон ба сӯи сокинони ҷ/д Ворухи ш. Исфара оташ кушодаанд, ки дар натиҷа аз тири яроқи оташфишон нозири ГПҲБНҶ ШМШ «Ворух», капитани милитсия, Тошхӯҷаев Фаррух Зоирҷонович 1990 с/т, зодаи ш. Конибодом, ҷ/д Пӯлотон, к. А. Қодиров-21, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, соли 2014 факултаи 4-уми Академияи ВКД ҶТ-ро хатм намудааст, дар мақомот аз 01.08.2010 сол ва дар вазифаи ишғолнамудааш аз 20.06.2014 сол фаъолият мекунад, дар қисми шикамаш ҷароҳатӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ҷ/д Ворухи ш. Исфара бистарӣ гардидааст. Оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи прокурори шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 104 қ.2 банди “ж” КҶ ҶТ аз 23.07.2019 сол оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий