Тадқиқот: Сафи муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст

Тадқиқот: Сафи муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст
Шумораи муҳоҷирон дар Русия дар нимсолаи аввали соли равон 98 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки ин нишондод дар даҳ соли охир аз ҳама баланд аст.

Дар ин бора коршиносони Пажӯҳишгоҳи сиёсати иқтисодии ба номи Ҳайдар ва Академияи иқтисоди милливу хадамоти давлатӣ дар гузориши худ зери унвони «Таҳлили вазъи иқтисодӣ дар Русия» хабар додаанд. Ба гуфтаи коршиносон, шумори муҳоҷирон афзоиш ёфтааст, вале дар миёнашон теъдоди онҳое, ки қонунӣ амал мекунанд, кам шудааст.

Бояд зикр намуд, ки асосан шаҳрвандони Қазоқистон, Украина, Тоҷикистон ва Арманистон барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Арманистон, Украина ва Белорус ба Русия мерафтаанд.

Ҳамчунин, шумораи муҳоҷирон дар Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Чин, Сербистон ва Сурия афзоиш ёфтааст.
Ёдовар бояд шуд, ки соли 2018 ҳудуди 125 ҳазор нафар вориди Русия шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий