Муҳоҷирони тоҷику афғон аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор намуданд

Муҳоҷирони тоҷику афғон аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор намуданд
Ҳар се нафари рӯ ба фирор ниҳода, муҳоҷирон буда, ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як тани дигар шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон мебошад

Пулиси вилояти Ленингради Русия ба кофтукоби се муҳоҷир баромаданд, ки аз боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Гатчинский фирор намуданл.

Хабаргузории Невские новости иттилоъ медиҳад, ки ҳар се нафари рӯ ба фирор ниҳода, муҳоҷирон буда, ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як тани дигар шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.

Бар хабари манбаъ, кормандони пулис аз пайи боздошт намудани онҳо, ба ҷустуҷӯяшон баромаданд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва афғон аз 22 то 23 сол дошта, дар пайи рейди кормандони милитсия боздошт шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки муҳоҷирон дирӯз тахминан соати  15:45 дақиқа ҳангоми сайру гашт симчӯбе, ки қаламравӣ ин марказро муайян мекунад, хоида ба худ роҳи гурезро омода намуда, фирор карданд.

Қайд мешавад, ки чанде қабл кормандони  пулиси маркази ноҳия дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллии Русия, барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар вилояти Ленинград рейд доир намуданд.Дар натиҷаи ин амалиёт наздики 200 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд, ки 88 нафари онҳо бинобар нақз намудани қавонини муҳоҷират мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Манбаъ қайд мекунад,ки муҳоҷирони фирорнамуда, бояд дар зудтарин фурсат аз қаламрави Русия ихроҷ мешуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар  Русия шумораи муҳоҷироне, ки барои нақзи қонун боздошт ва ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ интиқол дода шудаанд, ҳудуди се маротиба афзоиш ёфтааст.
 

Комментарии (0)

Оставить комментарий