Бонки «Credit Suisse» — Швейтсария ният дорад ба бозори молиявии Тоҷикистон ворид гардад
Тақвияти ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо бонки «Credit Suisse»-и Швейтсария дар мулоқоти муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидин Нуралиев бо роҳбари ҳайати бонки «Credit Suisse»-и Швейтсария Лахос Фаркас, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони бонки «Credit Suisse», масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин мусоҳибон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар бахши молиявӣ тавассути амалиёти байнибонкӣ ва барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотиро матраҳ намуданд.
Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев диққати меҳмононро ба самтҳои муҳим ва афзалиятнок, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории судманд дошта, бонки «Credit Suisse»метавонад дар ҷумҳурии мо бо имкониятҳои бештару хубтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Дар мулоқот роҳбари ҳайати «Credit Suisse» Лахос Фаркас омодагии худро ҷиҳати мусоидат барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳор дошт.
Бояд тазаккур дод, ки бонки «Credit Suisse»- яке аз бонкҳои пешрафта ва дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва молия маҳсуб ёфта, дар 50 давлати ҷаҳон намояндагиҳои худро таъсис додааст, ки фаъолияти муваффақ доранд.

Комментарии (0)