Варзишгардухтари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Корея соҳиби медали тилло шуд

Варзишгардухтари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Корея соҳиби медали тилло шуд
Муниса Ойматова, таэквондочии ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт. 

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида буд ва дирӯз,    17 июл, ба  поён расид.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии таэквондо “Chuncheon Korea Open G-2” сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса дар он мусобиқа сазовори медали нуқра шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий