САРКАШӢ АЗ БАРГАРДОНДАНИ ҚАРЗ
16-уми июл ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ш.Хуҷанд муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ахмедов Исмоилҷон Иномович (с.т.1964), миллаташ тоҷик, ҷойи кораш директори ҶДММ “Сибир-лес”-и ш.Хуҷанд, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Раҳимбоев х.79/9, дар асоси шартномаи кредитӣ №5410/3734-01 аз 17.05.2004 сол аз филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и ш. Хуҷанд ба миқдори 200 000-доллари ИМА-ро кредити бонкӣ бо 22% солона, ба муҳлати 7-моҳ барои хариди маҳсулоти тахта аз Федератсия Россия гирифта, бо ҳалномаи суди ш.Хуҷанд аз 19.02.2008 сол даъвогии ҶСК «Агроинвестбонк» ба ҷавобгарии ҶДММ мазкур дар бораи рӯёнидани қарзи бонкии мазкур қонеъ карда шудааст. Аз шаҳрванд Ахмедов И.И. ба фоидаи бонк 158 141-доллари ИМА, 389 587-сомонӣ ва боҷи давлатӣ ба миқдори 11 200-сомонӣ бояд рӯёнида мешуд. Ахмедов И.И. хамчун директори ҶДММ мазкур бадқастона аз адои қарзи кредиторӣ ба миқдори калон саркашӣ кардааст. Бинобар ин нисбати Ахмедов И.И. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 266 КҶ ҶТ аз 16.07.2019 сол, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)