“Тоҷиктрансгаз” аз Узбакистон 70 миллион метри мукааб газ харид

“Тоҷиктрансгаз” аз Узбакистон 70 миллион метри мукааб газ харид
Шавкат Шоимзода, муовини аввали мудири кулли “Тоҷиктрансгаз” мегӯяд, аз аввали соли равон Тоҷикистон аз Узбакистон наздики 70 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ намудаст

Аз аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ гази табиӣ ворид шудаст, хабар дод “Ховар” аз қавли Шоимзода.

Ба иттилои ноиби мудири “Тоҷиктрансгаз”, давоми соли гузашта, вақте ки моҳи апрел интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон барқарор шуд, ба Тоҷикистон наздики 54 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи Шоимзода истеъмолгарони асосии гази табиии Узбакистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки Узбакистон соли гузашта, пас аз шаш соли таваққуф дубора ба Тоҷикистон интиқоли гази табииро шурӯъ намуд.

ҶСК “Тоҷиктрансгаз” аввали имсол  тасмим гирифта буд, ки   аз  Ҷумҳурии ҳамсояи  Узбакистон дар ҳаҷми 200 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ менамояд.  Феълан даҳҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Ширкати алюминийи тоҷик – “Талко” ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  аз гази табиии кишвари ҳамсоя  истифода менамоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий