Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷаи давлат беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷаи давлат беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли 2019 аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 8 млн. 631 ҳазору 998 сомонӣ маблағ ворид намудааст. Ин  рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 628 ҳазору 399 сомонӣ ё 215,6 фоиз зиёд мебошад.  Дар ин бора дирӯз, 16 июл зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Алӣ Комилзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фурудгоҳи Кӯлоб дар ин давра ба маблағи 11 094 292 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Феълан дар фурудгоҳ 223 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 39 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019 Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 50 ҳазору 663 нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 207 нафар кам мебошад.

Ҳамчунин Алӣ Комилзода баён намуд, ки  дар ин давра гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 63 нафар мусофиронеро, ки бо худ ашё ва моддаҳое доштанд, ки бурдани он бо ҳавопаймо манъ аст, ошкор намуданд. Онҳо 37 адад ашёи тезу буранда, 2 адад бозичаҳои ба яроқ монанд, 35 литр равған, 540 гр моддаҳои заҳролудкунандаи (зидди ҳашарот), 1260 гр моддаҳои химиявӣ ва 5,7 литр нӯшокиҳои спиртиро ошкор намуданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
                                                                                              рӯзноманигор

Комментарии (0)

Оставить комментарий