Муниса Ойматова дар мусобиқаи Ҷоми Кумингёнг медали тилло гирифт

Муниса Ойматова дар мусобиқаи Ҷоми Кумингёнг медали тилло гирифт
Муниса Ойматова, узви дастаи мунтазхаби теквандои Тоҷикистон миёни ҷавонон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт

Тибқи иттилои кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ойматова дар вазни 49 кило миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.

Мусобиқаи (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида, интизор меравад имрӯз 17 июл ба анҷом расад.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии теквондо “Chuncheon Korea Open G-2” сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд.

Муниса Ойматова, узви дастаи мунтахаби теквондои Тоҷикистон миёни ҷавонон дар мусобиқаи байналмилалии “7th Fujairah Open 2019-G1”, ки 1-3 феврал дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, сазовори медали нуқра гашт. 

Он замон Ойматова дар вазни 49 кило дар финал аз варзишгари Тайланд Бунянучи Нгамҷамрат мағлуб шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий