МИСЛИ САГ АККОС ЗАДАНИ НАҲЗАТИЁН ДАР БЕРЛИН

МИСЛИ САГ АККОС ЗАДАНИ НАҲЗАТИЁН ДАР БЕРЛИН
Тоҷикон ва мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз қадим инсонҳои ба ҳамзистӣ моил ва дар муносибат одамони шариф ба шумор мераванд. 

Имрўз чун падидаи номатлуб ва доғи нанговаре бар рўи ин арзишҳои тамаддунсоз, иддае пайдо шудаанд, ки чун фарзанди нохалаф аз берун ё дурусттар гўем аз пушти хоҷагони манфиатҷў ба рўи миллату Ватани аҷдодӣ ва орзуву ормонҳои Тоҷикистони азиз санги миннату тўҳмат мезананд. Ҳукумати сулҳхоҳу сулҳофаринро бо бўҳтону таънаҳои беасос заиф кардан мехоҳанд. 

Аммо ҳаргиз ба  ин хостаҳои нафси ифлоси худ нахоҳанд расид. Зеро Тоҷикистон бо сарварии Пешвояш имрўз ба қуллаҳое расидааст, ки халқаш ба ин осонӣ намехоҳад рўзҳои сиёҳу сангини таърихиро бори дигар бар дўш гирад. Мардум ба қадри озодиву оромӣ кайҳост, ки расидаанд ва аккоси сагони ватангадою шарманда онҳоро наметавонад аз роҳи рост берун барад. 

Тоифаи ночизе бо ном «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд назму низоми Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро рахна бизананд ва бо ин матлаби нопок дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин тазоҳуроте ба роҳ андохтаанд.

Даъво пеш овардаанд, ки Тоҷикистон зиндониёни сершумори сиёсӣ дораду онҳоро дар маҳбас азобу шиканҷа медиҳанд. Овардаанд, ки вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раиси ТЭТ ҲНИ Маҳмадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров аз қабили ҳамин гуна зиндониён буда, ҳукми онҳо ғайриқонунист. 

Аввалан ин аст, ки ҳукми ҳамаи инҳо аз ҷониби додгоҳи қонунии Тоҷикистон дар асоси тафтиши амиқи парвандаҳои онҳо бароварда шуда, рўзашонро дар зиндон қатори дигар зиндониёни ҳамҷаворашон мутобиқи талаботи умумизиндонӣ ба сар мебаранд. 
Дуввум, ҳеҷ кадоме аз ин номбаршудагон зиндонии сиёсӣ набуда, балки аз рўи муқаррароти қонунгузории давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳукм гирифтаанд. Магар на ин буд, хостаи хоҷагони ба ном одилу озодихоҳи ин тазоҳургарони беасос, ки давлате демокративу ҳуқуқбунёду дунявист, дорои салоҳияти баровардани ҳукм дар чаҳорчўби қонун аст? На! 

Ба назар мерасад, ки ин тазоҳургарони бо ном озодихоҳ аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз шукуфтану рушд ёфтани ин давлат, хоссатан аз расидан ба аҳдофи стратегии он – бароиш аз бунбасту, истиқлолияти энергетикиву амнияти ғизоӣ ва қатраи охирин ба косаи сабри онҳо – ифтитоҳи чархаи аввали НБО-и   Роғун чун саги девона ба такопў афтодаанд, дар гирди хеш чарх зада дандон ба ҳар буттаву дарахти сари роҳашон   андохта, аккос мезананд. Гирди хоҷагони манфиатҷўву тирасар дум меликконанд, мехоҳанд бо рўи сияҳ дар назди онҳо худро ҳақиру ҷабрдида ҷилва диҳанд, Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро ноҳақ намоиш дода, мардумро ва билхусус ҷавононро гумроҳ намоянд. Ҷомеаи муосири тоҷикистониён имрўз ба ин найрангҳои сиёсӣ фирефта намешавад.

Зеро ҳамаи пешрафту шукуфоиро бо чашми сар дида истодааст, озодию адолатро эҳсос намудааст. Ҷомеа акнун дигар аст: сиёҳро аз сафед ба хубиву зудӣ тафовут мекунад. Илло иддаи ночизе, ки метавонанд кўр-кўрона дар паи ҳадафҳои тираву ҳавоӣ ва беасос дар даву тоз шуда, на танҳо ному обрўи хеш, мутаассифона нангу номи хонавода ва миллатро низ доғдор месозанд. Аммо боке нест, замону макон аллакай имрўз шоҳиди шармандагии онҳост.

Магар парда аз рўи корҳои тираву тори гурўҳи ифротгарои ТЭТ ҲНИ бардошта нашуд? Магар ҷаҳониён ва тоҷикистониён аз амалҳои нангини зиддидавлативу зиддиҳукуматӣ ва ватанфурўшии онҳо огоҳ нестанд?

Албатта ҷомеаи имрўза нахоҳад гузошт, ки аҳдофи нопоки ин мухолифини хоин дар байни ҷавонон реша давонад! Мо дар пайраҳаи набарди иттилоотӣ ва фарҳангӣ бо ин гуна тазоҳургарон ҳамеша хоҳем истод!

Тӯхтаев Т. – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи молия ва қарзӣ ДДҲБСТ

Комментарии (0)

Оставить комментарий