РАФТОРУ ГУФТОРИ ҒАЙРИМЕЪЁРИИ АФРОДИ ҶОМЕА

РАФТОРУ ГУФТОРИ ҒАЙРИМЕЪЁРИИ АФРОДИ ҶОМЕА
Аз замонҳои қадим боз одамон дар муносибати байни худ арзишҳоеро офаридаанд, то ки рафтору гуфтори худро ба тартибу танзим дароваранд. Ин арзишҳо ба монанди як ченаки баҳодиҳӣ, дастурамал ва раҳнамо баромад мекарданд. Дар илм бошад, арзишҳо гуногунанд, ба монанди маданӣ, миллӣ, динӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ, умумиинсонӣ ва ғайра. Баъзе меъёру арзишҳо аз динҳои гуногун ва бархеи дигар аз панду ҳикматҳо ва андарзу насиҳатҳои хирадмандону ҳокимони одил ба мо омада расидаанд.

Барои мисол шиори форсҳои қадимро овардан мумкин аст, ки чунин буд: «Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек». Бештари олимон бар он назаранд, ки ин шиори Зардушт аст, аммо, дар асл, ин шиор таърихи бениҳоят қадима дорад. Ин шиор дар давраи Куруши Кабир ва пеш аз он ҳам вуҷуд дошт, яъне дар тӯли таърихи зиндагии ориёиҳо ин шиор бо онҳо ҳамқадам буд. Ақидае дар миёни аҳли ирфон мавҷуд ҳаст, ки ин шиор аз осмон ба аввалин Одам омадааст, то ки ба фарзандонаш онро бирасонад.

      Мантиқан ин фарзия дуруст аст, зеро Бобои Одам бояд ба фарзандҳои худ панду андарзи хубе мекард ва ин шиор яке аз беҳтарин ва сарчашмаи ҳамаи насиҳатҳо шумурда мешавад. Ин шиор гуфтори забон, амалкарди рафтор ва фикру нияти одамро дар бар мегирад ва ҳамаи он бо як калимаи нек фарогир аст. Пас аз ин бармеояд, ки некӣ гавҳари гаронбаҳо, ҷавҳар ва мазмуни асосии ҳаёти инсон аст. Ҳикмати неку бад мавзӯи калон мебошад. Аммо масъала дар он аст, ки кадом рафтору гуфтор нек ҳаст ва кадоме бад. Муайян кардани сарҳадоти неку бад тавассути арзишҳо имконпазир аст. Ба ҳар ҳол, накукорӣ инсонро сарбаланд месозад. Агар одамон нек бошанд, дунё наку хоҳад гашт. Чунончи, Шайх Аттор фармудааст:

Гар ба олам обрӯ мебоядат, Доимо хулқи наку мебоядат.

      Дар байни инсонҳо арзишҳое ҳастанд, ки онҳо ба ҳамдигар монанданд ва онҳоро арзишҳои умумиинсонӣ меноманд. Ба монанди дуздӣ накардан, одам накуштан, дашном надодан, ситам наварзидан, меҳмоннавоз будан, меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва ғайра. Албатта, ҳаст рафтору гуфтори баъзе инсонҳо, ки барои онҳо иҷрои чунин амал раво дониста мешавад, аммо барои дигар мардумон ин амал писандида нест. Чунончи, дар мамолики Аврупо нӯшокиҳои спиртӣ озод фурӯхта мешаванд ва истеъмоли он ҳамарӯза мебошад, аммо дар мамлакатҳои Араб ва дигар манотиқи мусалмоннишин ин амал маҳкум аст ва як рафтори ғайримеъёрӣ ҳисобида мешавад. Инчунин, гӯшти говро баъзе одамон мехӯранд, аммо барои мардуми ҳинду гов муқаддас буда, куштану хӯрдани он манъ аст. Ё ин ки тоҷикон ба нону дастархон эҳтироми зиёд ва аҷр мегузоранд, аммо баъзе мардумон, агар аз рӯи арзишҳои мо баҳо диҳӣ, ба нону дастархон эътиное надоранд.

Яъне, баъзе сарҳади арзишҳо бо ҳам печидаанд, бо ҳам муқобилу зиданд, ки яку якбора ҳақиқату ботил, раво ва нораво, дурусту нодуруст ва неку бад будани ин ва ё он амал, ё гуфторро ташхис кардан, хеле душворӣ меорад.

А.Шарипов, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино

Комментарии (0)

Оставить комментарий