ДУ ПАҲЛУИ ЯК МАСЪАЛА...

ДУ ПАҲЛУИ ЯК МАСЪАЛА...
Дар адабиёти халқи тоҷик тамоми шоирону мутафаккирон, олимону донишмандон дар осори безаволи хеш дар боби худшиносию ватанапарастӣ андешаҳои ҷолиб ва тарбиявӣ иншо намудаанд. Аз даврони шоирони классик то имрӯзи миллат доираи олим ва донишмандеро во намехӯрем, ки ин мавзўро паси сар карда бошад. 

Асарҳои безаволи бузургони классик ба вижа “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ намунаи олии тарғиби худшиносию ватанпарастӣ мебошад. Фирадавсӣ  таъкид менамояд, ки шарти аввали ватандӯстӣ худшиносӣ мебошад. Номаи шоҳон асарест, ки ҳазорсолаҳо то бад-ин қарн бе каму кост расидааст ва дар ин бора Ҳаким Фиравсии Тӯсӣ худ чунин мегӯяд.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд. 
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Яъне андешаи волои Фирдавсӣ ин сухане аз боби худшиносию ватанпарастӣ мебошад. Ё Саъдиии муаллими ахлоқ,  Ҳофизи лисонулғайб, Мавлои Балх,  БедилуХоҷа Камол ва Ҷомии бузург дар ин боб волотарин андешаҳоро барои тарбияи насли имрӯзи миллат ба ёдгор гузоштаанд.  Мавлоно Ҷомӣ дар боби ватандӯстӣ,садоқат ба ватан ва ёди миллат, ёру бародар чунин фармудааст: 

Фироқи бекасӣ як сӯбувад доғи ватан як сӯ....

Пас  аввалин нуктаи худшиносиро бояд дар ниходи фарзанд падару модар талқин намоянд. Агар модар дар ин боб  ба писар такроран ва борњо таъкид намоянд, ҳатман, ки дар гушаи хотир нақш мебандад ва гоҳу ногоҳ дар ҳолати бархурд бо афроди тақаллубкор таъкиди  модарро аз ҳар гуфти, шубҳаовар қадри Ватан, номуси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳифз ва боло мегузорад. 
Вале ҷойи таассуф аст, ки имрӯз огоҳу ноогоҳ низ баъзан ба доми афроди тақаллубкор, тасодуфӣ ё манфиатхоҳе афтида ба ҳар роҳи нодуруст иқдом карда, аъмоли номатлуб содир мекунанд. Аксар фирефта мешаванд, вале мушоҳида ҳам ҳаст, ки гоҳо ҷавони ботафаккур ва ё бо истеъдоде низ дар роҳ қадам гузоштааст. Пас иллат дар чист? 

Раванди  ноустувори фарҳангшумумлӣ ё глобализатсия, таъсири омилҳои иҷтимоии беруна, бахше аз таблиғи пасипардагии нафарони манфиатҷу ба  равия ва ҷараёнҳои мазҳабгаро, намоиши филмҳои мухталифи берун аз фарҳанги ахлоқӣ ва миллӣ, истифодаи бахшҳои мамнуи интернет, рекламаи беруна ё таъсири моделюрони либосҳои мухталиф, бепарвоӣ ё камаҳамиятии волидон ё аҳли ҷомеа нисбат ба бунёд ва ташаккули тафаккури миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон ва наврас ин ва як зумра омилҳои дигар амсоли ин метавонанд фазои имрӯзро дар нуқоти холимонда ҷойгиркунанд ва доман паҳн карда, дар бунёди тафаккури миллӣ дар давраи хеле ҳассоси ватансозӣ халал ворид намоянд. 

Дар ин росто андешаи Пётр Столипин муносиби ёдоварист:“Миллате, ки дорои руҳияи худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳонд шуд”. 

Воқеан ҷомеаи муосири мо имрӯз бо тарғиби арзиҳои миллӣ, ба ҳифзи арзишҳои ватандорӣ, баланд бардоштани эҳсоси гарми меҳанпарастӣ дар ниҳоди насли ҷавон, худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳимояи марзу буми ватан, номуси ватандорӣ ва амсоли ин дар ҷойҳо,  инчунин дар ҳамоишҳои зиёд ин равандро тарғиб ва татбик  намоянду давлати миллиро бо бунёди тафаккури миллӣ устувор намоем, ки ҳазорсолаҳо барои миллати тоҷик хидматгузор бошад.

КИ ЊХДТ дар ноњияи Шоњмансур

Комментарии (0)

Оставить комментарий