АРЗИШҲОИ БАДИ АХЛОҚИ ИНСОНӢ
Баъзе арзишҳо бо мурури замон иваз мегарданд. Масалан, тамокукашӣ дар худи Аврупоу Амрико аввалан як муд шуда буд, аммо бо пешравии илми тиб ва фаҳмидани мардум зарари марговари ин одати бад, аллакай наздик, ки дар ҳамаи гӯшаи ҷаҳон ба рафтори ғайримеъёрӣ дохил шуда истодааст ва ҳатто дар сатҳи давлатӣ қонунҳо қабул карда шудааст, ки дар ҷои ҷамъиятӣ тамокукашӣ манъ аст.
Бояд гуфт, ки инсон дар ҷомеа бо рафтори мусбии намунавӣ соҳиби эътимоду эътибор хоҳад гашт. Барои соҳиб гаштани чунин рафтори намунавӣ ҳар як фард бояд рӯ ба арзишҳои волои маънавӣ оварад. Иззату эҳтироми ҳар як инсон ҳамчун инсон аз тарафи дигар инсонҳо, новобаста аз дину миллат ва забону нажод, яке аз дастовардҳо ва арзишҳои маънавии инсоният аст. Дилхоҳ шахс дар ҷомеа маҷбур мешавад, ки мутобиқи арзишҳое, ки дар ҷомеа пазируфта шудаанд ва онҳоро ҳамчун меъёру қоидаҳо истифода мебаранд, рафтору гуфтор намояд. Вагарна, дар натиҷа, ба чунин ашхосе, ки меъёрро вайрон кардаанд, аз тарафи мардум баҳои паст дода мешавад.
Аз диди ахлоқи ҷамъиятии инсонҳо гузаштан дар чароғаки сурх дар роҳи мошингард ин рафтори ғайримеъёрӣ ҳисобида мешавад, ки ин меъёрро бештари одамон риоя намекунанд. Ин гуна рафтор аз нигоҳи илм каҷрафториҳои иҷтимоӣ номида мешавад. Омилҳои асосии каҷрафториҳои иҷтимоӣ риоя накардани қоидаҳои умумиҷамъиятӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ва дигар рафтори номатлуби инсон мебошад. Чунончи, баъзе ҷавонони бадахлоқ дар ҷои ҷамъиятӣ суханҳои қабеҳ, дағал ва носазоро ҳамчун воситаи муоширати муқаррарӣ истифода мебаранд. Ба ҳамдигар амалҳои зиштро раво мебинанд. Аз шӯхиҳои ҳазломезона сар карда, пас ба лагадкӯб намудани якдигар мегузаранд. Дар баъзе мавридҳо ин рафторҳои ғайримеъёрии ҷавонон ба фалокат оварда мерасонад, ки ин боиси нигаронии омӯзгорон ва сохторҳои гуногуни ҷомеа мегардад. Бинобар ин ба насли наврас ва ҷавонон мебояд, ки аз меъёрҳои волои инсонӣ баҳраманд бошанд, то ки ба чунин рафторҳои ношоям даст назананд.
Бояд гуфт, ки арзишҳои маънавии халқи тоҷик бениҳоят ғанианд, ба монанди ҳурмати волидайн, ҳурмати калонсолон, ҳурмати нону дастархон, ҳурмати меҳмон, дуст доштани Ватан, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ ва ғайра. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбат ба Ватану миллат арҷгузор бошанд, то ки таъриху фарҳанги волои миллатро ба ояндагон бегазанд расонанд.
А. Шарипов, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино
Комментарии (0)