Боздошти як мард дар Душанбе бо гумони даст доштан дар амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғон
Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 24-сола бо гумони даст доштан дар маҷбур кардани ҷавондухтарони ноболиғ ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ боздошт шудааст.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ромиш Султонзода , сокини пойтахт дастгир карда шуд.
«Муайян карда шуд, ки Султонзода бо роҳи таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, се ҷавондухтари ноболиғро ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, дар баробари қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ, ҳамзамон онҳоро ҳамчун манбаи ба даст овардани маблағ истифода кардааст», — омадааст дар хабари Раёсат.Милитсияи пойтахт аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надодааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар маркази дилхушии «Бухоро Палас», Ибодат Насриддинова, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо латукӯб намуда, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар хабари Раёсати ВКД зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо ҷурми авбошӣ суд шудааст
Ҷазо барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон
11:51 2 август, 2023
Дар ин робита, моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғонро сахттар кард.
Ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйирот ворид гардида, мувофиқи он, барои ҳаракатҳи бадахлоқона «нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида» аз 5 то 8 соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст. То ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шуда буд.
Ғайр аз ин, дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии кишвар низ барои чунин ҷиноятҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок — аз 12 то 25 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ҷазои аз 7 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст. Дар моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) аз 2 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
asiaplustj.info
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ромиш Султонзода , сокини пойтахт дастгир карда шуд.
«Муайян карда шуд, ки Султонзода бо роҳи таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, се ҷавондухтари ноболиғро ба иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, дар баробари қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ, ҳамзамон онҳоро ҳамчун манбаи ба даст овардани маблағ истифода кардааст», — омадааст дар хабари Раёсат.Милитсияи пойтахт аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар надодааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар маркази дилхушии «Бухоро Палас», Ибодат Насриддинова, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо латукӯб намуда, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар хабари Раёсати ВКД зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда қаблан ду маротиба бо ҷурми авбошӣ суд шудааст
Ҷазо барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон
11:51 2 август, 2023
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус хеле зиёд шудааст
Тавре ки аз маълумоти оморӣ бармеояд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон на ҳамеша аз тамоми ҳолатҳои таҷовуз ва амалҳои бадахлоқӣ, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, бохабар мешаванд. Хешовандони қурбониён аксар вақт далелҳои зӯровариро пинҳон мекунанд, зеро ошкор шудани чунин ҳолатҳо, бахусус нисбат ба кӯдакон, метавонад ба канорагирии иҷтимоӣ аз худи ноболиғ ва падару модари ӯ дар ҷомеаи суннатии тоҷик боис гардад.Дар ин робита, моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғонро сахттар кард.
Ба моддаи 142 Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйирот ворид гардида, мувофиқи он, барои ҳаракатҳи бадахлоқона «нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида» аз 5 то 8 соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст. То ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шуда буд.
Ғайр аз ин, дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии кишвар низ барои чунин ҷиноятҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 138 (Таҷовуз ба номус) ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок — аз 12 то 25 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ҷазои аз 7 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таъин шудааст. Дар моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) аз 2 то 10 соли ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
asiaplustj.info
Комментарии (0)