Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид

Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги «Шоҳнома"-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро «донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон» номид, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.



Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурати шинохти «Шоҳнома"-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи «Шоҳномахонӣ» дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шуд.

Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри «Шоҳнома» ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.

Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синни мухталиф аз кишварҳои гуногун 5 шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Яке аз онҳо-  Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи «шоҳномахони ҷавони хориҷӣ» аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуда, сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид.

Қарор шуд, ки ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ минбаъд ҳамасола бо иштироки шоҳномахонон аз кишварҳои минтақа баргузор гардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сарчашма: khovar.tj 

Комментарии (0)

Оставить комментарий