Павел Дуров ва поёни достони “озодӣ” – и ғарбӣ
Чаҳор рӯзи ахир тамоми ҷаҳон аз рӯйдодҳои Фаронса пайгирӣ мекунад: дар он ҷо, 24 август, муассиси Telegram Павел Дуров дар фурудгоҳи канори Порис Ле Бурже боздошт шуд.Сукуте, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса пас аз боздошти соҳибкор нигоҳ доштанд, овозаҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Порисро ба нақзи озодии баён, қабули қарорҳои ғаразноки сиёсӣ ва истифода аз қудрат муттаҳам карданд. Аксар боздошти Дуровро қасосгирии Эммануэл Макрон арзёбӣ карданд.Пас аз чанд рӯз додситонӣ рӯйхати 12 банди иттиҳомот алайҳи муассиси Telegram, аз ҷумла терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои вазнинро пешниҳод карданд. Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки айбнома ба кори худи Telegram марбут аст, на ба соҳиби он.Вазъият ба ҷое расид, ки шахсан Макрон, ки барои сиёсатмадорони ин сатҳ ғайриоддӣ аст, ҳатто маҷбур шуд дар бораи боздошти Дуров изҳори назар кунад. Онҳо мегӯянд, ки ин тасмим сиёсӣ нест, балки додгоҳӣ аст ва дар маҷмӯъ Фаронса «аз ҳама бештар ба озодии баён ва муошират алоқаманд аст».
Телеграм дар ҳоли ҳозир яке аз мессенҷерҳоест, ки маъруфияташ дар Тоҷикистон сайри суудӣ дорад.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дақиқ муайян кардани теъдоди корбарони на фақат Телеграм, балки дигар мессенҷерҳо як таҳқиқи густарда ва ҳамкории ҳаматарафаи ширкатҳои мобилиро тақозо мекунад."Аммо додаҳои ибтидоӣ ривоят аз он мекунанд, ки ин мессенҷер сол ба сол бештар мавриди истифодаи муштариён қарор мегирад ва теъдоди корбаронаш меафзояд. Дар умум бо бештар шудани телефонҳои сенсорӣ тамоюли мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо афзудааст«, — гуфт манбаъ.Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки муайян кардани омори корбарони паёмрасонҳо имкон дорад, аммо заҳмат ва вақти зиёд тақозо мекунад.
»Ҳоло дар баробари Фейсбук*, ВатсАп, ИМО, ТикТок ва ғайра ҳар телефон ва ҳам компютер Телеграм низ дорад. Аксари ҷавонон, ки дар кишварҳои дигар, бахусус, Русия қарор доранд, бо рақамҳои ҳамон кишварҳо паёмрасонҳояшонро сабти ном мекунанд ва тасбит кардани онҳо аслан имкон надорад«, — гуфт намояндаи яке аз ширкатҳои мобилӣ.Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар кишвар 6 ширкати мобилӣ, 13 интернет-провайдер ва 17 контент-провайдер фаъолият мекунанд ва то 1 июли соли равон теъдоди корбарони мобиливу собити интернет дар кишвар ба 4,18 миллион нафар расидааст.Sputnik Тоҷикистон мавзуъи теъдоди корбарони Телеграмро дар пайи боздошти Павел Дуров, соҳибмулки ин паёмрасон, ба миён гузошт.
Коршиносон мегӯянд, Фаронса бо боздошти мавсуф нишон дод, ки Телеграм як паёмрасони воқеан матраҳ шудааст, қабл аз ҳама барои он ки мардум онро қобили эътимод аз назари амнияти иттилооташон меҳисобанд.Фирдавс Ҷалилов, яке аз мутахассисони фанновариҳои ҷадид, мегӯяд, густариши Телеграм дар Тоҷикистон ба як — ду соли ахир рост меояд ва корбарон ба ҷуз он ки онро қобили эътимод ва амн барои суҳбату паёмрасонӣ ташхис додаанд, аз нуқтаи назари дастрасӣ ба иттилооти мувассақ низ онро писандидаанд."Масалан, тариқи ВатсАп мешавад аз 16 то 100 мегабайт файли савтӣ ё видеоӣ фиристод, аммо тариқи Телеграм бамаротиб бештар — аз 2 ГБ то 4 ГБ. Ё ҳамчунин бозфиристи паём тариқи Телеграм агар 100 адад бошад, дар Фейсбуку ВатсАп бамаротиб кам — 5 адад. Аз сӯи дигар, дастрасӣ ба иттилои сареъ тариқи каналҳои Телеграм мувофиқтар аст, аз ин хотир, ҳоло Телеграм фақат паёмрасон нест, балки як шабакаи иҷтимоӣ ва ё платформаи бузурги расонаии тамомайёр шудааст«, — гуфт Фирдавс Ҷалилов.Дар ҳамин ҳол, Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили амниятӣ, мегӯяд, иттиҳомоте, ки аз сӯи мақомоти Фаронса алайҳи Дуров эълон шудаанд, дар як нигоҳи сатҳӣ бепоя ва пуч ба назар мерасанд."Оё мешавад як кордсоз дар Амрикоро барои он муттаҳам кунанд, ки бо корди сохтаи ӯ дар Афғонистон як нафарро ба ҳалокат расондаанд? Зоҳиран, ин иттиҳомот нӯги пиряхи бузург аст ва Амрико ба дасти Фаронса мехоҳад Дуровро барои «ҳамкорӣ» маҷбур кунад, он гуна ки чунин пешниҳодро ба ТикТок дод ё аз ин қабил шеваҳо Фейсбуку *ВатсАпро, ба истилоҳ, «ҳамкор» ё ҳарфшунави худ сохт«, — гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.Вай афзуд, ғарбиҳо чунин ташхис додаанд, ки дар ҳоли коҳиши эътибори паёмрасонҳои таҳти амрашон Телеграм ҷойгузини собити онҳо мешавад, бахусус, дар интихоботҳои ояндаи Аврупову Амрико, ки интизор меравад, либералҳо — ҳокимони кунунӣ — шикаст хоҳанд хӯрд ва мухолифин бо истифода аз ин платформа басиҷ хоҳанд шуд ва ин ба он маъност, ки даврони „озодиҳо“ — и ғарбӣ ба поён расидааст, чун дар худи Ғарб дигар ба онҳо бовар надоранд.* Meta Corporation (соҳиби Facebook, Instagram) дар Русия экстремистӣ эътироф ва мамнӯъ аст.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)