Володин гуфт кадом қонунҳо дар бораи муҳоҷират ба парлумони Русия ворид шудааст
Ҳоло дар Думаи давлатии Русия 28 лоиҳаи қонун дар мавзӯи сиёсати муҳоҷират баррасӣ мешавад.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ хабар дод.
Вай тавзеҳ дод, ки шаш лоиҳа дар моҳи август ба парлумон ворид карда шуданд.
Дар соли ҷорӣ аз ҷониби вакилон шаш санади дигари дар бораи танзими равандҳои муҳоҷират дар Русия қабул карда шуданд.
"Дар асоси натиҷаҳои мулоқот бо сокинон, вакилон ташаббусҳо ва пешниҳодҳоро, барои тағйири қавонин пешниҳод мекунанд, ки ба ҳалли мушкилоте нигаронида хоҳанд шуд. Як қатор қавонин ба мавзӯи сиёсати муҳоҷират рабт дорад", - навиштааст Володин дар Telegram канали худ.
Раиси Думаи давлатӣ қайд кард, ки аз ҷумла ба парлумон пешниҳод шудааст, ки ба муҳоҷирони кории дорои тахассуси паст овардани оила, хешовандон ва наздикони худ ба Русия манъ карда шавад.
Санадҳо инчунин ӯҳдадории сабти изи ангуштони шаҳрвандони хориҷиро ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия танзим мекунанд.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб ва маориф маҳдудиятҳо дар баъзе намудҳои кор ҷорӣ карда шаванд.
Дар Русия коҳиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи омори ниҳоди интизомии Русия, дар ҳафт моҳи соли 2024 теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 3,1% коҳиш ёфтааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)