Духтари ҷопонӣ суруди “Қалъбандӣ”-и Акашариф Ҷӯраевро бозхонӣ кард - навор

Духтари ҷопонӣ суруди “Қалъбандӣ”-и Акашариф Ҷӯраевро бозхонӣ кард - навор
Машу Комазакӣ, ҷавондухтари ҷопонӣ бо дутор суруди “Қалъбандӣ”-и овозхони маъруфи тоҷик Акашариф Ҷӯраевро иҷро карда, афзуд, ки мехоҳад бо мусиқӣ ҳамкории фарҳангии Ҷопону Тоҷикистонро густариш диҳад

Комазакӣ ҳафтаи равон навори суҳбат, дуторнавозӣ ва сурудхонии тоҷикияшро дар шабакаи Ютуб нашр кард. Ӯ бо забони тоҷикӣ таъкид намуд, ки феълан ҷопониҳою тоҷикистониҳо аз фарҳанги ҳамдигар огоҳии кофӣ надоранд.



Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистонро дар Ҷопон тавассути мусиқӣ муаррифӣ мекунад. Сипас Комазакӣ дутор ба даст гирифта, суруди “Қалъабандӣ”-ро иҷро намуд.

Комазакӣ тавзеҳ дод, ки ин аввалин суруди тоҷикӣ аст, ки онро ёд гирифтааст ва шунавандаҳои ҷопонӣ онро хуш пазируфтаанд.

Ин овозхони ҷавон изҳори ният кард, ки мехоҳад ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопонро густариш диҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий