Монандӣ ба Трюдо овозхони бадахшониро машҳури ҷаҳон кард
Шуҳрати овозхони дандонтилои бадахшонӣ Адусалом Мафтун на танҳо дар миёни иштирокдорони озмуни "Ситораи афғон", балки хеле бештар аз он дар саросари дунё тавсеа ёфтааст. Дар рӯзҳои аввалине, ки ӯ барои иштирок дар ин сабқат ба шаҳри Кобул омад, дар баробари садои форам шабоҳати бузурги ин овозхони 28-сола ба нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо таваҷҷуҳро ҷалб кард. Абдусалом Мафтун аз вилояти Бадахшони Афғонистон аст.
Қайс Улфат, мураббии Абдусалом Мафтун, аз аввалин нафароне буд, ки шабоҳати ин овозхон ба нахуствазири Канадаро ташхис намуд ва номи ӯро хабарсоз кард. Ӯ мегӯяд чунин ҳол "шанс"-и пирӯзии Абдусалом Мафтунро дар озмуни “Ситораи афғон" бештар мекунад.
"Воқеан, ин вазъ шуҳрати ӯро бештар мекунад. Ҳамаи шабакаҳои маъруф бо Абдусалом Мафтун мусоҳиба менамоянд. Дар бораи ӯ мақола зиёд аст. Умед дорам, ин имконро ба таври мусбат барои пешбурди корномаи шахсӣ ва ба нафъи ҳаводоронаш истифода мебарад", - афзуд Қайс Улфат.
Собиқаи ҳунарии Абдусалом Мафтун ҳафт солро дар бар гирифта, то замони иштирок дар озмуни "Ситораи афғон" асосан аз овозхонӣ дар тӯйҳо иборат буд. Акнун ин овозхон барномаҳои васеътар дорад.
"Ягона орзуям ин аст, ки нахуствазир маро ба Канада барад ва ман дар онҷо бо фалакҳои асили ватанам консерт бидиҳам. Нахуствазири Канадам ҳам дар онҷо нишаста бошад ва маро тариқи ҳунарам ба мардум муаррифӣ кунад", - гуфт Абдусалом Мафтун.

Комментарии (0)