Захираи ураниуми ғанишудаи Эрон аз меъёр "гузаштааст"

Захираи ураниуми ғанишудаи Эрон аз меъёр "гузаштааст"
Хабаргузории нимарасмии «Форс» рӯзи 1-уми июл навишт, ки Созмони Энержии Атомии Эрон тасдиқ кард, ки захираи ураниуми ғанишуда аз 300 килограм зиёдтар шудааст. Хабаргузории “Ройтерс” ҳам аз қавли як манбаъ айни гуфтаро такрор кард. Як сухангӯи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт: “Нозирони мо дар маҳал ҳастанд ва баъди маълум кардани захираи ураниуми ғанишуда дар зудтарин фурсат ба марказ гузориш медиҳанд.” Созмони мазкур масъули назорати иҷрои созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ аст ва назорат мекунад, ки оё Эрон аҳдҳояш дар ин заминаро иҷро мекунад, ё не.
Бар асоси созиш, Эрон бояд захираи ками ураниуми ғанишударо дар дохили кишвар нигашҳ медошт ва дар иваз таҳримоти байналмилалии иқтисодӣ ба зидди онро камтар мекарданд. Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи майи соли 2018 яктарафа аз созиши атомӣ берун шуд ва таҳримотеро, ки аз байн бурда буд, дигарбора барқарор кард.
Мақомоти Эрон шикоят кардаанд, ки тарафҳои дигари созиш, Бритониё, Фаронса, Олмону Чину Русия натавонистанд, паёмадҳои манфии таҳримот ва зиёни онҳо ба иқтисоди Эронро кам кунанд ва гуфтанд, ки тавлиди ураниуми ғанишударо зиёд мекунанд. Кишварҳои аврупоӣ ҳушдор додаанд, ки риоят накардани созиши атомӣ, ки ҳадафи он монеъ шудан ба сохти бомби атомӣ дар Эрон аст, барои кишвар оқибатҳои манфӣ дорад.
Ураниуми ғанишударо ҳамчун маводи сӯхт дар нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мебаранд, вале аз он метавон бомби атомӣ низ сохт. Таниш байни Амрикову Эрон баъди даст кашидани Иёлоти Муттаҳида аз созиш ва ҳамлаҳои чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Уммон ва наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз афзоиш ёфт ва шиддат дар минтақа бештар шуд. Вашингтон гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба киштиҳои нафткаш кори дасти Эрон аст, иддаое, ки Теҳрон рад мекунад.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 1-уми июл гуфт, ки “Эрон ҳеҷ гоҳ ба фишори Амрико тан намедиҳад.” Ӯ афзуд: Имрӯз Эрон дар баробари таҳримоти иқтисодии Амрико бо такя ба тавлидот ва имконоти дохилӣ истодагарӣ мекунад.” Ӯ айни замон ба барномаҳои атомии кишвар ишорае накард.
Доналд Трамп ҳангоми хуруҷ аз созиши атомӣ гуфт, ки ин созиш ба қадри кофӣ сахтгирона нест, ки монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ шавад. Айни замон ба гуфтаи ӯ, созиши байналмилалӣ барномаҳои мушакии Эрон ва кӯмаки он ба созмонҳои ифротӣ дар минтақаро сарфи назар кардааст. Эрон иддаоҳо дар бораи ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст, на сохти бомби атомӣ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий