Хиёнаткор Ватану миллат ва дину мазҳаб надорад

Хиёнаткор Ватану миллат ва дину мазҳаб надорад


Мушоҳидаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хиёнаткорони бесомонаъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар мухолифин оид ба баргузории митинг дар Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин иттилоъ доданд. 

Ба ҳама хурду бузург маълум аст, ки гуруҳи хиёнаткорон ва мухолифин бо сарварии собиқ роҳбари ин ташкилот, ки акнун ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки хеш бо ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуда истодааст – Муҳиддин Кабирӣ Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро таъсис дода дар назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин митинг доир намуданд. Ин ноқобилони даҳр, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилона фарзандони ноболиғ ва кӯдаконро ҷалб намуданд. 

Агар ба таърихи начандон дур назар афканем баръало эҳсос мегардад, ки ҳизби наҳзати ислом аз ибтидо дар меҳвари фаъолияти хеш қатлу куштор, хиёнату даҳшатафканиро пеша намуда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардид. 

Дар воқеъ бо омезиш ба номи поки дини мубини ислом анҷом додани ҳар амалу кирдори разилона боис ба он гардид, ки аъзоёни он гуруҳ – гуруҳ сафҳои онро тарк карда, дар шаҳру навоҳӣ ташкилотҳои ибтидоии он барҳам хӯрд. 

Дар баробари ба ташкили ҷанги шаҳрвандӣ даст доштани ҳизби наҳзати ислом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар мамлакат аъзо ва пайравони ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣбахшидашуданд. 

Ба ҳамаи ин ғамхориҳо нигоҳ накарда, кирдору ниятҳои разилонаи хешро ин кӯрдилон пинҳониву ошкоро идома дода, ахиран моҳи сентябри соли 2015 ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣҲалим Назарзодаро роҳандозӣ намуда, даст ба табаддулоти давлатӣ заданӣ шуданд. Аммо ин маротиба худ мардуми шарифи кишар дар баробари родмардони шуҷои Ватан – хизматчиёни бонангу ори мамлакат дар амри дастгир намудани аъзо ва пайравони ин гуруҳи ҷиноятпеша мусоидат ва ҳамкорӣ намуданд.

Ин омил боис ба он гардид, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзати ислом фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шуда, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид. 

Акнун баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, хостори ҷалби бештари ҷавонон ва мардуми осоишта ба сафҳои хеш мебошанд. 

Аз ҷумла бо даъвати васеи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дигар риштаҳои гуногуни шаҳри Берлин кору фаъолият менамоянд ба нақша гирифтани баргузории митинги ташкилоти хиёнаткоронаи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” бори дигар аз тинати нопоки ин қабил афрод шаҳодат медиҳад.

Чунончӣ ба мо маълум гардид, бо шунидани хабарҳо оид ба митингҳои наҳзатӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Берлин таҳсилу зиндагӣ мекунанд изҳори норозигӣ ва ширкат наварзидани хешро ба роҳбарияти ин ташкилотҳои ифротӣ баён намуданд.

Вобаста ба ин ба хоинони миллати тоҷик дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубзода, Шарофиддин Гадоев ва дигарон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу роҳпаймоӣ ва иваз намудани номи ташкилотҳои ифротии хеш шумо нохалафон дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил намудани ҷавонони саодатманди моро надоред.

Мухторов Киромиддин – дотсенти факултети таърих ва ҳукуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Комментарии (0)

Оставить комментарий