Мазҳакаи Кабирӣ: дар нақши асосӣ, ҳамҷинсгароён, занону маҳбубаҳояш
Бо ҳазорон умед озими Берлин гаштам, то дар митинги пеши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон иштирок кунам.
Иштирок кардам. Таассуротамро аз он наметавонам чӣ тавр баён дорам. Муддате дурӣ аз Ватан хеле рӯҳафтодаам намудааст. Аз митинг дигар бардоштҳоро интизор будам. Танҳо шармандагиро не. Вале аз тарафи дигар чун солҳо аз театр дурам, мазҳакае бепулеро тамошо кардам, ки мумтозтарин коргардон ҳам наметавонад онро рӯи саҳна орад.
Чун ба майдон расидам эҳсос кардам, ки ҳама ҷорзанию даъватҳо ба митинг афсона ба гӯши кар будаасту барои ман барин се-чор хар.
Митинг баргузор шуд. Бо ширкати 33 нафар. Аз ин шумора 17 нафарро тифлону наврасон ташкил медоданд. 26 нафар «митингчӣ» ёлу аёли худи Кабирӣ буданд. Писаронаш бо зану фарзандонашон. Дили одами солим ба ин бечорачаҳо месӯзад. Онҳо пай намебаранд, ки аз ҳамин тифлӣ заминаи тарбияро барои террорист сохтани онҳо гузошта истодаанд.
Барои бештар нишон додани шумораи иштирокчиён Кабирӣ ду занаш ва 2 маҳбубааш низ оварда буд. Гумон надошт, ки бо ин амал бар сари худаш бало меорад. Ҳамин, ки занони асосиаш Ҳумайроро дар майдон диданд, мақсади аслии ин ҷо омаданашонро фаромӯш карда, ҳиҷобро аз сар кашиданду чун шери жаён болои ӯ ҳамла намуданд.
Ҳай қиёмат буд он ҷо. Миниюбкаи Ҳумайро боло рафту минитар шуд. Думбаи аз нӯшонӯши пиваи олмонӣ ва гамбургери арзонӣ (бо чанд еврои садақаи институтҳои ба ном ҳомии ҳуқуқ аз ин бештар чизеро харидан наметавон) мисли хамири туршшуда ба ҳар тараф дамидааш, ки чулкии дасти сеюм аз «Секнд-ҳенд» харидааш онро пӯшонида наметавонист, ба берун рехт. Чанд муллоҳои наҳзатӣ «астағфируллоҳ»-гӯён даст ба рӯйи худ бурда, гӯё чашмашонро пинҳон карданд. Дар асл бошад, аз байни ангуштон ин мазҳакаро бо ҳаловат тамошо доштанд. Чанде аз онҳо, ки бо «баракат»- Кабирӣ ва аъмоли террористонааш чанд сол шуд рӯю мӯйи занро танҳо дар ойинаи нилгун мебинанд, ба Кабирӣ ҳасад мехӯрданд, ки дар баробари ду зани ҳиҷобпӯш чунин думбаи урёнеро низ дар ихтиёр дорад (онҳо намедонанд, ки ин думба ду соле шуд дасти ба даст аст).
Кабирӣ аз шармандагӣ ин вару он вар медавид ва намедонист онҳоро чӣ тавр аз ҳам ҷудо кунад. Бо азобе чанд ва қумаки писараш Муҳаммад онҳоро ба ду ҷониби майдон бурд.
Бо ҳамин акти аввали мазҳака ба охир расид ва қисмати дуюми митингро «ҳусни оғоз» бахшиданд. Онҳо ба суханронӣ пардохтанду се-чор нафар наҳзатии ҷелакпӯш, лаҳзаро мувофиқ дониста байни иштирокчиён ба назрталабӣ (шакли гадоие, ки зери пардаи шариати исломӣ сурат мегирад) пардохтанд. Гӯё собит карданӣ буданд, ки «гадо дар Аврупо ҳам гадост». Ба ном «волонтёр»-ҳои наҳзатӣ онҳоро ба оромию халал нарасонидан ба баромадкунандагон даъват доштанд. Аммо гадоёни наҳзатӣ посух медоданд, ки «чун митинг охир расад, ҳама парешон мешаванду онҳо бе қути лоямут мемонанд».
Дар ҳамин дақиқаҳо бо амри тақдир буд ё ба бахти наҳзатиҳо, аз кӯча боз як митинги чанднафараи ба ибораи аврупоӣ «одамони самти ҷинсиашон дигар» (ҳамҷинсгароёну «лесак»-ҳо) мегузашт. Онҳо ҳамтоёни наҳзатии худро дида, хурсандона бо онҳо пайвастанд. Наҳзатиҳо сараввал гумон карданд, ки ин гурӯҳ хабарнигоронанд ва шод гаштанд, ки «акнун ба митингашон таваҷҷуҳ зоҳир шуд». Чун асли воқеиятро дарк карданд, дигар дер шуда буд. Гурӯҳе аз наҳзатиҳои собиқадори чанде аз касби меросмондаи пиронашон – «бачабозӣ» дурмонда дар курта намеғунҷиданд ва дар они воҳид ҳар яке «бача»-и худро интихоб кард.
Илҳом Ёқубов ва Темури Варақӣ, ки мунтазири татбиқи моддаи 139 (ҳамҷинсбозӣ) аз тарафи ин «бачабозон» нисбати худашон буданд, дар оташи рашк месӯхтанд ва намедонистанд чӣ кор кунанд. Кабирӣ парешонҳол буд ва дар андешаи он, ки чӣ тавр занҳояшро ҷудо ва маҳбубаҳояшро ҷудо ба манзилгоҳи зист расонад. Хотираш аз он мушавваш буд, ки Хумайрои «ҳарҷогардаш» акнун баҳонаи хуберо барои ҳамхобагӣ бо ягон хориҷии «дасташ ҳалолнашуда» ёфт. Ва таҷрибаи Шабнам Худойдодоваро, ки бо Стив Свердлови «кофир» ҳамхобагӣ дорад истифода хоҳад бурд.
Дар ин байн, «ҳамҷинсгароён» ҳавасашон аз митинг зуд пир шуду «бойфренд»-ҳои ришдори наҳзатиашонро бо худ бурданд ва гуфтан мумкин аст, ки маърака шурӯъ нашуда хотима ёфт. Дар назди микрофон Кабирӣ бо зану набераҳояш монданду ду-се раҳгумзадаи дигар. Як писараш бо забони немисӣ баёнияи митингчиёнро хонд. Пулисе дар наздам меистод ва ин ҳамаро тамошо дошт, оҳиста аз ман пурсид, ки «Забони шумо ҳам ба немисӣ монанд аст». Надонистам чӣ ҷавобаш диҳам.
Банда ин ҳама шармандагиҳоро дида, ноаён митингро, аниқтараш мазҳакаро тарк кардам.
Оятуллоҳи Бурҳониддин,
иштирокчии митинги Берлин
Комментарии (0)