Владимир Жириновский Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои пасошӯравӣ Президенти беҳтарин номид

Владимир Жириновский Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои пасошӯравӣ Президенти беҳтарин номид
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни президентҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ беҳтарин Президент ба шумор меравад. Мо нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса дорем ва ӯро ҳамчун сиёсатмадори оқил ва бунёдкор эътироф мекунем». Ин матлабро муовини Раиси Думаи давлатӣ, Раиси Ҳизби Либерал — Демократии Федератсияи Россия Владимир Жириновский баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат доир гардид, иброз дошт.
Зикр шуд, ки ин сиёсатмадори дурандеш дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос на танҳо мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшид, балки барои бунёду рушди давлати навини Тоҷикистон тамоми неруашро истифода бурд.
Раиси Ҳизби Либерал-Демократии Россия таассуроташро дар бораи Тоҷикистон бисёр хуб арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки минбаъд барои густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия, аз ҷумла  дар омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Россия кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ба нақли Владимир Жириновский, дар доираи сафари корӣ имконият пайдо гардид, ки онҳо бо ҳаёти фарҳангию иҷтимоии  мардуми шарафманди тоҷик шинос гарданд. Истиқболи гарму самимии мардуми тоҷик, аз ҷумла коргарони одӣ ва деҳқонони асил ӯро дар ҳайрат гузошт.
Муовини Раиси Думаи давлатӣ ба санъати баланди меъморию миллии Қасри миллат баҳои баланд дода, гуфт, ки «санъати меъмории миллии Қасри миллат беназир аст. Чунин санъати нодирро, ки бо гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст, дар ягон кишвари дунё вонахӯрдааст».
Ёдовар мешавем, ки Владимир Жириновский  дар доираи сафари кории дурӯзааш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дидан намуда, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия вохӯрӣ кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий