Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин

Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин
       Роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ – экстремистии   Ҳизби наҳзати исломӣ боз гирдиҳамоӣ кардани ҳастанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон наҳзатиҳои қадимаанд, ки ҳамчун террорист шинохта шудаанд. Як бор ҳамин гуна гирдиҳамоҳоро дар соли 1992 ташкил карда буданд ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии радикалҳои наҳзатӣ сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғоти ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобудаш мекарданд.
         Аммо неруи аҳримании наҳзатӣ он замон рӯҳияи озодихоҳӣ ва тараққиписандии мардуми огоҳи кишварамонро шикаста натавонист. Беҳтарин фарзандони бо нангу номуси миллатамон бар зидди ин душманони бадхоҳ ба мубориза бархостанд. Мардум дар атрофи сиёсати дурусти Роҳбари давлат муттаҳид гардид ва  оқибат дар мубориза бар душманони наҳзатӣ ва пуштибонони онҳо ғолиб омад.
         Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва мардум бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашад. Маҳз баъди заиф гардидани ТТЭ ҲНИ ва аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дур шудани он шароити мувофиқ барои пешрафту тараққии кишварамон ба миён омад. 
Аммо наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро сиёҳ кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд бошанд. Лекин “зиндониёни сиёсӣ”-и мегуфтаи онҳо дар асл ҳамон ҷинояткорони наҳзатианд.
Мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷбуда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста хоҳад буд. Ҳар тоҷику тоҷикистоние ки худро эҳтиром мекунад ва заррае ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад.
Бояд мақомоти марбутаи Олмон низ террористию ифротӣ будани роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳоро дуруст дарк намоянд. Аз мақсадҳои шуми онҳо бохабар бошанд. Нагузоранд, ки ин террористони ҷинояткор ҷамъомади зиддиинсониашонро дар Берлин баргузор намоянд. 
Парвизи Мирзо, коршинос 

Комментарии (0)

Оставить комментарий