"Ҳизбуллоҳ" гуфт, ки то ҳол нагузоштааст, ки артиши Исроил вориди хоки Лубнон шавад

"Ҳизбуллоҳ" гуфт, ки то ҳол нагузоштааст, ки артиши Исроил вориди хоки Лубнон шавад
Ҷангиёни ҷунбиши «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аз кӯшиши убури сарҳади низомиёни исроилӣ дар минтақаи аҳолинишини Исроил дар Манара пешгирӣ карданд.Дар ин бора хадамоти матбуоти ҷунбиш хабар медиҳад."Ҷангиёни муқовимати исломӣ ба минтақаҳое ҳамла карданд, ки нерӯҳои душман дар минтақаи аҳолинишини Манара ҷамъ омадаанд«, — омадааст дар изҳорот.
Ба гуфтаи „Ҳизбуллоҳ“, хадамоти изтирории Исроил маҷрӯҳону мурдаҳоро аз маҳалли ҳамла тахлия мекунанд.Дар шаҳраки сарҳадии Блида аз кӯшиши дигари убури марз низ пешгирӣ карда шуд."Ба гурӯҳи нерӯҳои душман аз тӯпхона зарба зада, онҳоро маҷбур сохтем, ки ба мавқеъҳои аслии худ ақибнишинӣ кунанд«, — гуфта мешавад дар хабар.Дар ҳамин ҳол Тел-Авив мегӯяд, дар пайи набардҳои ахир 400 ҷангии „Ҳизбуллоҳ"-ро куштааст.Дар ҳамин ҳол нашрияи Al Arabiya дар такя ба манобеяш менависад, ки ҷонишини эҳтимолии Ҳасан Насрулло дар мақоми раҳбари «Ҳизбуллоҳ» Ҳошим Сафи ад-Дин дар як ҳамлаи ахири артиши Исроил ба шаҳодат расидааст.

Шиддати низоъ миёни Исроил ва «Ҳизбуллоҳ»

Вазъият дар марзи Лубнон ва Исроил аз замони шурӯи амалиёти ҷангӣ дар навори Ғазза дар моҳи октябри соли гузашта муташанниҷ боқӣ мондааст.
Дар пайи қатлу кушторҳои оммавии фаластиниён аз ҷониби Исроил, «Ҳизбуллоҳ» бо пуштибонӣ аз «Ҳамос» ба задани мақеъҳои сарҳадии давлати яҳудӣ сар кард.Пас аз он ки 17 ва 18 сентябр дар навоҳии гуногуни Лубнон дар як вакт таркидани дастгоҳҳои алоқа: аввал пейҷерҳо ва рӯзи дигар ратсияҳо хеле тезу тунд шудани вазъият ба амал омад.Тавре расонаҳо навиштаанд, аз онҳо асосан аъзои «Ҳизбуллоҳ» истифода мебурданд. Тибқи иттилои расмӣ 37 нафар кушта, беш аз се ҳазор нафар, аз ҷумла кӯдакон ва ғайринизомиён маҷрӯҳ шудаанд.Пас аз ин, Исроил ба бомбаборони ҳавоӣ ба кишвари ҳамсоя шурӯъ карда, чанд фармондеҳи баландпояи «Ҳизбуллоҳ», аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ, дабири куллро бо зарбаҳои ҳавоӣ маҳв кард.Рӯзи 1 октябр Тел-Авив аз оғози амалиёти заминӣ алайҳи ҷунбиши шиъаён хабар дод. Теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроил аллакай аз ду ҳазор нафар гузашт, беш аз 1,2 миллион нафар лубнонӣ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Зиёда аз 200 ҳазор гуреза ба Сурияи ҳамсоя фирор кардаанд.
Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, «Ҳизбуллоҳ» ба набардҳои заминӣ идома медиҳад. Артиши Исроил ҳам дар бораи куштаю ярадор шудани сарбозони исроилӣ, ки дар амалиёт дар ҷануби Лубнон иштирок доранд, хабар дод.Ҷунбиши шиъаҳо аз партоби мушакҳо ба сӯи давлати яҳудиён даст накашидааст ва тайи рӯзҳои ахир дурии онҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​


Комментарии (0)

Оставить комментарий