Санҷиши иҷозати вуруди тоҷикон ба Русия пулакӣ мешавад

Санҷиши иҷозати вуруди тоҷикон ба Русия пулакӣ мешавад
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бақайдгирии изи ангушт, санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Русия ва дигар хадматрасониҳои ин ниҳоди русӣ ройгон аст. Ёдовар мешавем, ки ин намояндагӣ 28-уми майи соли равон ба кор шуруъ кард. Он дар бинои Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федератсияи Русияро доранд, муосидат менамояд.  

Сарчашма: oila.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий