Бастрикин иддао дорад, ки шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ аз тарафи муҳоҷирон 55% афзудааст
Шумори ҷиноятҳои ифротгароёнаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 55% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хабар додааст."Танҳо дар 6 моҳи соли равон шумораи таҷовуз аз ҷониби меҳмонон 5%, амалҳои ношоиста нисбати кӯдакон 25% ва ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда 55 фоиз афзудааст», — қайд кардааст оқои Бастрикин.Бастрикин қайд кард, ки «ҳамаи ин таваҷҷӯҳи ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вокуниши фаврӣ ба нақзи қонун, чораҳои пешгирикунандаи низомӣ, дониши амиқи вазъи кунунии минтақа ва баррасии вижагиҳои муҳоҷирати маҳаллиро тақозо мекунад.
Илова бар ин, вай афзуд, ки мушкили ҷиноят дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ба сӯиистифода аз сӯи кормандони ниҳодҳои назоратӣ ва интизомӣ ва соҳибкороне, ки нерӯи кории хориҷиро ҷалб мекунанд, иртибот дорад.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар фаъолияти мақомоти тафтишотии минтақавӣ тамоюлҳои мусбат ба назар мерасанд."Мӯҳлатҳои тафтиш кам карда шуда, шумораи парвандаҳо аз суд барои баррасӣ кам гардид, ҳамчунин суръати ҷуброни зарар аз чиноят расондашуда низ афзудааст», — қайд кард ӯ.
САРЧАШМА:sputnik

Комментарии (0)