Путин фармони ба моликияти Русия табдил додани нерӯгоҳи Запорожеро имзо кард

Путин фармони ба моликияти Русия табдил додани нерӯгоҳи Запорожеро имзо кард
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми октябр фармонеро имзо кард, ки бар асоси он ҳукумати Русия вазифадор шудааст, неругоҳи атомии Запорожеи ғасбшударо ба моликияти Русия табдил диҳад.
Ин неругоҳ бо шаш бахши атомӣ бузургтарин неругоҳи атомии Аврупо аст. Неругоҳ дар ҳудудҳои аз сӯи артиши Русия ғасбшудаи вилояти Запорожеи Украина ҷойгир аст.
Путин ҳамчунин рӯзи 5-уми октябр қонунҳои федеролиеро имзо кард, ки тасвиби созишномаҳоро дар бораи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Запороже, Луҳанск, як қисмати вилоятҳои Николаев ва Херсони Украина ба ҳайати Русия пешбинӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин қонунҳои федеролии конститутсиониеро ба имзо расонд, ки тибқи онҳо, дар Русия чаҳор минтақаи нави маъмурӣ таъсис меёбад.

Созишномаи ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русияро қаблан Шӯрои федератсияи ин кишвар тасвиб карда буд. Ҳамроҳкунии минтақаҳоро аз 170 вакил 153 нафар ҷонибдорӣ карданд.

Қаблан Владимир Путин дар як маросим қарори ғасби минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро зери унвони “аҳдномаҳои пайвастшавӣ” имзо кард.

Ин маросим се рӯз баъди анҷоми референдумҳои созмондодаи Кремлин дар бораи гуё пайвастани қаламравҳо ба Русия баргузор шуд ва натиҷаҳои онро Киеву Ғарб ҳамчун ғасби қаламравҳо бо роҳҳои мусаллаҳона маҳкум карданд.

Ин чор қаламрав ҳамсарҳади нимҷазираи ҳамчунин соли 2014 ғайриқонунӣ ишғол ва ҳамроҳшудаи Қрими Украина ба Русия мебошанд. Ҳамаи ин панҷ минтақа 20 дарсади қаламравҳои Украинаро ташкил медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий