Парлумони Туркия бо ирсоли нирӯ ба Либия мувофиқат кард
Парлумони Туркия бо ирсоли нирӯ ба Либия ба хотири кӯмак ба ҳукумати мавриди ҳимояти СММ мувофиқат кард. Вакилони маҷлиси Туркия дар як ҷаласаи изтирорӣ рӯзи 2 январ бо 325 раъйи мувофиқ ва 184 мухолиф бо ирсоли нирӯҳо ба муддати як сол ризоият дод. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо аз ташдид ёфтани низоъҳо дар Либия баъди сафарбар шудани сарбозони туркӣ вуҷуд дорад. Ҳукумати Триполӣ ба раҳбарии нахуствазир Фаёз Сироҷ барои расидан ба қудрат бо маъмурияти рақиби воқеъ дар шарқи ин кишвар ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар дар ихтилоф аст. Нирӯҳои вафодор ба ин фармондеҳи ҷангҷӯ аз ҷониби Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва дигарҳо пуштибонӣ мебинанд. Инчунин бовар меравад, ки гурӯҳҳои зархаридҳои русӣ ҳам моҳи апрел дар ишғоли пойтахти Либия иштирок кардаанд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ҳукумати созиши миллии Сироҷ аз онҳо дархост кард, ки нирӯҳои Туркияро барои кӯмак фиристанд. Анкара мегӯяд, ки истиқрори нирӯҳо барои амният ва ҳифзи манфитаҳои Туркия дар Либия ва Ховари Миёна хеле муҳим аст.
Комментарии (0)