ИМА қоидаҳои қабули паноҳандагонро сахттар кард

ИМА қоидаҳои қабули паноҳандагонро сахттар кард
Вазорати адлия ва Вазорати амнияти дохилии ИМА қоидаи нави додани ҳаққи паноҳандагӣ ба муҳоҷиронро таҳия карданд, ки аз 16-уми июл ба иҷро медарояд. Бар пояи қоидаи нав, дар марзҳои ҷанубӣ ба дархости онҳое, ки ба воситаи кишвари севум ба онҷо расидаанд, посухи рад дода мешавад.

"Бештари хориҷиҳо тариқи Амрикои Марказӣ ва Мексика меоянд. Онҳо аз ин кишварҳо дархости паноҳандагӣ намекунанд, зеро зиндагӣ дар ИМА-ро беҳтар мешуморанд",-омадааст дар иттилоияи Феҳристи федеролӣ.

Ба ҳисоби Вазорати адлияи ИМА, соли 2018 беш аз 162 ҳазор одам дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ин рақам нисбат ба панҷ соли пеш 270% зиёд аст. Дархости паноҳандагии беш аз 400 ҳазор каси дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Пулиси муҳоҷират ва гумруки ИМА рӯзи якшанбе барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар саросари Амрико амалиётеро анҷом доданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий