Тоҷикистониҳо аз ҷумлаи пешсафон миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия шудаанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни ҳамаи муҳоҷирони кории ба Русия омада аз ҷумлаи пешсафон шудаанд.Дар соли 2022 наздики 987 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шаҳру навоҳии Русия барои кор омадаанд, иттилоъ дод хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии «Finexpertiza».Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон, дар миёни ҳамаи хориҷиёне, ки барои кор ба Русия омадаанд, зодагони Тоҷикистон беш аз чоряки шумори умумии муҳоҷирон — зиёда аз 28% -ро ташкил медиҳанд.Ҳамчунин дар феҳрасти 3 кишвари пешсаф, ки сокинонаш барои кор ба Русия мераванд, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қарор доштаанд. Илова бар ин, ҳиссаи назаррас ба Арманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон рост меояд.Дар ҳамин ҳол, аксари онҳое, ки ба Федератсияи Русия ворид шудаанд, шаҳрвандии Ӯзбекистонро доштанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон наздики 42% аз шумораи умумии хориҷиён ё 1,45 млн нафарро ташкил додаанд, афзуд манбаъ.Дар ҷои сеюм муҳоҷирон аз Қирғизистон — беш аз 16% ё наздики 563 ҳазор нафар қарор гирифтанд.Дар маҷмӯъ, шумори хориҷиёне, ки дар соли 2022 барои кор ба қаламрави Федератсияи Русия омадаанд, дар соли гузашта 3,47 млн нафарро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2021 сеяк бештар аст.Ёдовар мешавем, ки соли 2020, вақте ки пандемияи коронавирус ба авҷи авҷи худ расид, вуруди коргарони хориҷӣ ба 1,1 миллион нафар коҳиш ёфта буд.
манба:zamin.uz
манба:zamin.uz
Комментарии (0)