ЛАҒВУ ТАЪХИРИ ЧАНДИН ПАРВОЗ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ: САДҲО МУСОФИР ДАР ФУРУДГОҲҲО БАНД МОНДААНД

ЛАҒВУ ТАЪХИРИ ЧАНДИН ПАРВОЗ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ: САДҲО МУСОФИР ДАР ФУРУДГОҲҲО БАНД МОНДААНД
Таҳримоте, ки ба зидди Русия ва ширкатҳои ҳавопаймоияш ҷорӣ кардаанд, ирнак чанд рӯз боз боиси лағв ё таъхири паиҳами парвозҳо байни Русияву Тоҷикистон шудааст. Дар натиҷа, дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон садҳо мусофире, ки бо оғози мавсими нави муҳоҷират азми сафар ба Русияро доштанд, дармондаанд. Дар айни замон даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, дар фурудгоҳҳои Русия дармондаанд.
“Азия Плюс” бо такя ба маълумоти онлайн-таблои фурудгоҳи Душанбе хаба дод, ки тайи ду рӯзи 21-22 март аз шаҳрҳои гуногуни Русия 9 парвози ширкати «Уральские авиалинии» ба таъхир афтодааст. Аз ин парвозҳои дар ин ду рӯз батаъхирафтода рӯзи 22 март ду парвоз ба Маскав сурат гирифтааст, вале парвозҳои дигар ба Маскаву, Екатеринбург, Уфа, Челябинск ва самтҳои дигар ба таъхир гузошта шудаанд.
Радиои Озодӣ  низ  бо такя ба маълумоти онлайн-таблои фурудгоҳи Душанбе, аз шаш парвози ширкати “Урал”, ки бояд 21-уми март анҷом мешуданд, танҳо як парвоз аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Панҷ парвози дигар аз Екатеринбург, Челябинск ва се парвоз аз фурудгоҳи “Жуковский”-и Маскав анҷом нашуданд.
Субҳи 22-юми март бояд ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” аз Уфа, Самара, Екатеринбург ва Маскав ба Душанбе мерасиданд, вале то соати 14 ҳеч яке аз онҳо то пойтахти Тоҷикистон нарасида буд.
Дар сомонаи расмии ширкати “Урал” навиштаанд, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат барои 22-юми март аз шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Екатеринбург, Сочи ва ду парвоз аз Маскав ба Душанбе бекор шудаанд. Ҳамчунин, парвози ширкати “Уралские авиалинии” аз Челябинск, Екатеринбург, Ростови лаби Дон ва Минеральные Воды ба Хуҷанд бекор шудааст.
Тибқи маълумоти онлайн-таблои фурудгоҳи «Жуковский» дар вилояти Маскав,  тайи танҳо ду рӯзи 21-22 март аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Кӯлоб, Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон 6 парвози «Уральские авиалинии» бекор карда шуд. Табиист ки 6 парвоз аз ин се шаҳри Тоҷикистон низ бекор шуданд.
Мусофирон танҳо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон банд намондаанд. Чандин муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки “2-3 рӯз аст”, мунтазири парвози ҳавопаймо ба Тоҷикистон нишастаанд. Ин муҳоҷирон ҳам аз ширкати “Уралские авиалинии” билет харидаанд.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, баъди онки дар аввали моҳи март ширкатҳои ҳавопаймоии русии «Северный ветер» и «Сибирь» ба сабаби таҳримоти байналмилалӣ, аз бозори мусофиркашонӣ байни Русияву Тоҷикистон хориҷ шуданд, беш аз 80 фоизи бозори парвозҳои ҳавоӣ байни Русияву Тоҷикистон дар ихтиёри ширкати “Уральские авиалинии” қарор гирифт.
Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати “Уралские авиалинии” дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси таҳримҳо ҳавопаймоҳое, ки дар ҳудуди Аврупо сабт шуда буданд, аз парвоз мондаанд. “Аз имрӯз ҳавопаймоҳои моро дар Русия аз нав сабтином мекунанд, дигар таъхир намешавад,” — гуфт Лолаев. Вале ҳафтаи гузашта намояндагони ин ширкат дар суҳбат бо “Азия-Плюс” низ ҳамаро итминони хотир дода буданд, ки ширкат мушкилоташро алакай ҳал кардааст ва дигар мушкили таърих ё лағви парвозҳо пеш намеояд.
Мушкили парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия дар рӯзҳое пеш омад, ки мавсими нави муҳоҷирати корӣ авҷ мегирад ва садҳо ҳазор нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар пайи сафар ба мардикорӣ ба Русия мебошанд. Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи муҳими таъмини рӯзгори аксари оилаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик 1,8 миллиард доллар пул фиристодаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий