МЕДОНИСТУ ХАБАР НАДОД: ПАРВАНДАИ БОЗ ЯК ДОНИШҶӮИ ТОҶИКИСТОНӢ ДАР РУСИЯ
Нашрияи “Кавказский пост” рӯзи 21 март аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи боз як донишҷӯи тоҷикистонии Донишгоҳи федеролии Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ставрополи Русия хабар дод. Бобоев ба он айбдор мешавад, ки дар бораи ақидаҳои ифротӣ доштану дигаронро, аз ҷумла худи ӯро барои фаъолиятҳои террористӣ ҷалб кардани як донишҷӯи дигари тоҷикистонии ин донишгоҳ Иқболҷон Шамшиддинов медонист, вале ба мақомот хабар надод.
Бино ба фарзияи тафтишот, Шамшиддинов, ки зодаи ноҳияи Бодканди Қирғизистон, вале шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва соли 2021 дар Русия бо ҷурми терроризм ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, соли 2020 Бобоевро ташвиқ кардааст, ки ба фаъолиятҳои террористӣ бипайвандад ва ба Сурия биравад. Ботирҷон Бобоев ин пешниҳодро рад кардааст, вале ҳоло ӯро ба он айбдор мекунанд, ки чаро ба мақомот дар бораи даъватҳои Шамшиддинов хабар надод? Гуфта мешавад, ки Шамшиддинов ҳам дар суҳбатҳои рӯбарӯ ва ҳам аз тариқи Интернет Бобоевро барои ҳамроҳ шудан ба гуруҳҳои террористӣ ташвиқ мекард.
Парвандаи Ботирҷон Бобоевро алакай ба додгоҳ супурдаанд. Назари худи ӯ дастрас нест.
Бар асоси моддаи 205.6 Кодекси ҷиноятии Русия барои хабар надодан ба мақомот дар бораи шахсе, ки ба ҷиноят тайёрӣ мебинад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 100 ҳазор рубл ваё корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 1 сол пешбинӣ шудааст.
Моҳи августи соли 2021 додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Иқболҷон Шамшиддинов, донишҷӯи Донишгоҳи федеролии Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ставрополро бар асоси қисми дуюми моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятии Русия ба даъват ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар маҳзари ом сафед кардани терроризм ва бар асоси қисми 1.1, моддаи 205.1 ба кӯшиши ҷалби афроди дигар ба саффи гуруҳҳои террористии байналмилалӣ гунаҳкор шинохт ва ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Бо ҳукми додрас Станислав Жидков, ин ҷавони зодаи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ду соли аввали ҳукмашро дар зиндон пӯшида ва 8 соли дигарро дар колонияи низомаш сангин бояд адо кунад. Баъди адои ҳукмаш Иқболҷон Шамшиддинов боз 4 соли дигар аз ҳаққи истифодаи Интернет маҳрум карда шудааст.
Қаблан сарраёсати тафтишоти ҳавзаи федералии Қафқози шимолии Русия хабар дода буд, ки бино ба фарзияи тафтишот, Иқболҷон Шамшиддинов аз 16 апрели соли 2019 то 29 январи соли 2020, ҳангоми барои таҳсил дар Донишгоҳи федеролии Қафқози шимолӣ дар шаҳри Ставропол қарор доштанаш, ба терррористҳое, ки дар саффи ду созмони террористии байналмилалӣ меҷангиданд, ҳамраъйӣ нишон дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар маҳзари ом видеоҳоеро мегузошт, ки терроризмро сафед ва таблиғ мекарданд. “Ба ғайр аз ин, Шамшиддинов бо роҳи пешниҳод ва мутақоид сохтан, аз ҷумла бо истифода аз Интернет, шиносҳои худро барои пайвастан ба саффи созмонҳои террористӣ даъват мекард”, – гуфта мешуд дар иттилоияи мақомоти тафтишотии ҳавзаи федералии Қафқози шимолии Русия.
Вале ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризм дастгир мешаванд. Ду сол пеш гузориш шуда буд, ки танҳо тавассути ҳамкории мақомоти Тоҷикистону Русия, беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо гумони ҳаводорӣ ё пайравӣ ба созмонҳои террористӣ боздошт шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои охир беш аз 2000 нафар аз зодагони ин кишвар ба доми фиреби гуруҳҳои террористӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфта буд, 80 дарсади ин ҷангиёни тоҷик маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба ақидаҳои ифротиву террористӣ гароидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба сабаби дар як шароити пур аз маҳрумият ва таҳти таъқиби ҳамешагии мақомоти интизомии Русия қарор доштанашон ба як туъмаи осон барои мубаллиғони созмонҳои “ҷиҳодӣ” табдил меёбанд.

Комментарии (0)