Се шоҳиди оташ задани вагони муҳоҷиронро иҷозати бозгашт ба Тоҷикистон доданд
Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Иркутски Русия ба се муҳоҷири тоҷик, ки шаби 12-уми ноябри соли гузашта шоҳиди ҳамла ва оташ задани вагони зисти ҳамроҳонашон буданд, иҷозат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Дар вагоне, ки дар деҳаи Заларии Иркутск аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ зада шуд, ҳафт муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекарданд. Ду нафар ҳалок шуд ва чор нафари онҳо бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт шуданд.
Меҳроб, як тан аз муҳоҷирони тоҷик гуфт, он шаб шоҳиди ҳодиса буданд ва ба мақомоти рус дар бораи ҳамла баёнот доданд. “Лекин моро гуфтанд, ки шумо дар бораи ҳодиса маълумоти пурра надоред ва дигар ба суд даъват накарданд. Як муддат моро гуфтанд, ки набояд аз Русия берун шавед. Аввали ҳамин моҳ иҷозат доданд, ки баргардем. Як ҳамроҳамон дар ҳамон вагон зиндагӣ мекард ва саломатиаш бисёр бад шуда буд.”,--гуфт ӯ.
Аз ин се ҷавоне, ки ба Тоҷикистон баргаштанд, яке дар вагони сӯзонидашуда зиндагӣ мекардааст ва ду нафари дигар дар вагоне буданд, ки дар ҳамсоягӣ ҷойгир будааст. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, аз ибтидо шоҳиди ҳамла буданд, вале мақомоти рус онҳоро шоҳид ҳисоб накард. Парвандаи муҳоҷирони боздоштшуда дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Дар ҳодисаи пурсарусадои оташзадани вагони муҳоҷирон Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чор ҳамроҳашонро, Маҳмадтоҳир Ашуров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ва наздиконашон ин чор муҳоҷирро ҷабрдида медонанд ва мақомоти рус низ шарҳ надоданд, ки бо кадом асос онҳоро айбдор кардаанд.
Пештар модарони муҳоҷрони боздоштушда аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки ба Владимир Путин занг занад ва “писарони бегуноҳашонро озод кунанд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Талоши мо барои дарёфти тафсилоти ҳодиса аз мақомоти Русия, ки чаро вагони муҳоҷиронро оташ заданд ва боз худи онҳоро боздошт карданд, натиҷа надод.
Як манбаи наздик ба тафтишот бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз сафари намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Иркутск мақомоти маҳаллӣ як корманди милисаро, ки дар ҳодиса даст дошт, боздошт карданд.
“Се нафар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар муҳокимаҳои додгоҳ ширкат мекунанд ва як милисаи маҳаллӣ бо гумони оташ задан ва таҳрик додани сокинон ба ин амал дар боздошт аст. Парвандаи муҳоҷирон ва сокинон дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад”,--гуфт ӯ.
Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат карда буд ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.
Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик низ аз ҳамкори русаш тақозо карда буд, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ кунанд.
Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки чор муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Соли 2021 тобути беш аз 950 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 1000 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

Модари чор муҳоҷири боздоштшуда аз Раҳмон хостанд, ба Путин занг занад
Мақомоти рус дар ибтидо ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки рӯзи 12-уми ноябр ҷавонони муҳоҷир бо ҷавонони маҳаллӣ муноқиша кардаанд ва шаб сокинони маҳаллӣ вагони зисти онҳоро оташ задаанд. Баъдан, дар ин бора тафсилоте нашр накарданд.Талоши мо барои дарёфти тафсилоти ҳодиса аз мақомоти Русия, ки чаро вагони муҳоҷиронро оташ заданд ва боз худи онҳоро боздошт карданд, натиҷа надод.
Як манбаи наздик ба тафтишот бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз сафари намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Иркутск мақомоти маҳаллӣ як корманди милисаро, ки дар ҳодиса даст дошт, боздошт карданд.
“Се нафар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар муҳокимаҳои додгоҳ ширкат мекунанд ва як милисаи маҳаллӣ бо гумони оташ задан ва таҳрик додани сокинон ба ин амал дар боздошт аст. Парвандаи муҳоҷирон ва сокинон дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад”,--гуфт ӯ.
Мавзӯи марги муҳоҷирон ва боздошти онҳо вокуниши мақомоти тоҷикро ба бор овард. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров, дар ин мавзуъ суҳбат карда буд ва хоҳиши таҳқиқи одилонаи ин ҳодисаро намуд.
Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик низ аз ҳамкори русаш тақозо карда буд, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистонро мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ кунанд.
Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки чор муҳоҷири боздоштшуда гуноҳ надоранд. Мақомоти Русия ҳанӯз ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Соли 2021 тобути беш аз 950 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан овардаанд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 1000 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.
Комментарии (0)