10 МИЛЛИОН РУБЛИ ЯК ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ ГИРИФТУ ФИРОР КАРД…
Сокини 38-солаи қаблан ҳам судшудаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соати сеи рӯзи 14 март дар кӯчаи У.Зоконӣ бо корд ба дасти чапи як марди 36-сола як зарба задааст.
Сокини 36-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Қазон ва Уфаи Русия аз як сокини дигари Душанбе бо роҳи фиреб барои тиҷорат 10 миллиону 725 ҳазор рубли русӣ, либоса ва пойафзоли гуногунро гирифта, то ҳол пулашро надодааст. Инчунин ӯ моҳи ноябри соли 2019 бо шиносномаи биометрии қалбакӣ ба Маскав сафар кардааст.
Як ҷавони 18-сола дар Исфара ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 13 март аз дохили мошини “Мерседес” телефони мобили тамғаи “Самсунг А-51” –ро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 17 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Инчунин номбурда бо мақсади сохтакории ҳуҷҷатҳо соли 2019 шиносномаи қалбакии биометрии таҳти №402596963-ро барои худ бо ному насаби дигар шаҳрванд ба расмият дароварда, бо шиносномаи мазкур моҳи ноябри соли 2019 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намудааст.
Айни ҳол нисбати номбурда аз тарафи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо модаҳои 247 қисми 4 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Сокини 36-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2018 дар шаҳрҳои Қазон ва Уфаи Русия аз як сокини дигари Душанбе бо роҳи фиреб барои тиҷорат 10 миллиону 725 ҳазор рубли русӣ, либоса ва пойафзоли гуногунро гирифта, то ҳол пулашро надодааст. Инчунин ӯ моҳи ноябри соли 2019 бо шиносномаи биометрии қалбакӣ ба Маскав сафар кардааст.
Як ҷавони 18-сола дар Исфара ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 13 март аз дохили мошини “Мерседес” телефони мобили тамғаи “Самсунг А-51” –ро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 17 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Шахси қаблан ду маротиба судшуда боз даст ба авбошӣ зад
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 14-уми марти соли 2022, тахминан соати 15:00, дар кӯчаи У.Зоконӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 374 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корд ба дасти чапаш як маротиба задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани қаллоби сохтакор
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2018 ҳангоми дар шаҳри Қазон ва шаҳри Уфаи Федератсияи Россия қарор доштанаш марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 миллиону 725 ҳазор рубли русӣ, либоса ва пойафзолҳои гуногунро барои тиҷорат гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.Инчунин номбурда бо мақсади сохтакории ҳуҷҷатҳо соли 2019 шиносномаи қалбакии биометрии таҳти №402596963-ро барои худ бо ному насаби дигар шаҳрванд ба расмият дароварда, бо шиносномаи мазкур моҳи ноябри соли 2019 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намудааст.
Айни ҳол нисбати номбурда аз тарафи Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо модаҳои 247 қисми 4 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба даст афтодани ҷавони телефондузд
Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми марти соли 2021, шахсони номаълум аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс», ки дар назди дарвозаи хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А.51», ки арзишаш 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Комментарии (0)