ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАХУСТИН АСИРИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА
Мақомоти ҳарбии Украина видеои бозпурсии як сарбози Русияро нашр карданд, ки мегӯяд аз Тоҷикистон аст ва Фахриддин Ҳоҷиқурбон ном дорад. Ӯ нақл мекунад, ки як ҳамшаҳриаш бо номи Роберт ӯро барои хидмат дар артиши Русия моил кард ва ӯ савори тонк ба Украина омад. “М ан фармондеҳи тонк будам, вале ҳанӯз ягон бор ҷанг нокарда, асир афтодам”, – нақл кард ин асир.
Ба гуфтаи ӯ, онҳоро аввал дар ҳудуди вилояти бо Украина ҳаммарзи Брянск ҷойгир карданд ва онҳо шабона ҳаракат мекарданду рӯзҳо дар даруни ҷангал пинҳон мешуданд, то ки касе хабар наёбад. Вале дар бораи инки онҳоро ба ҷанг бурда истодаанд, ин сарбоз чизе намедонистааст. “Ба мо гуфтанд, ки шуморо ба машқҳои ҳарбӣ мебарем. Вале маълум шуд, ки моро ба ҷанги Украина фиристодаанд”, – нақл кард ӯ.
Афсари украиние, ки бозпурсиро анҷом медод, гуфт, надонистан ӯро аз ҷавобгарӣ барои иштирокаш дар ҷанги бародаркушӣ халос намекунад. “Вале украиниҳо асиронро намекушанд. Ба падару модарат занг мезанем, бигзор омада, туро ба хонаат баранд”, – гуфт ин афсар.
Аз 24 феврал ба ин тараф, баъди шурӯи ба ном “амалиёти махсуси ҳарбӣ” аз ҷониби Русия дар Украина афсарону аскарони захиравӣ, аз ҷумла даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русия доранд, аз комиссариатҳои ҳарбии ҷои зисти худ даъватнома гирифтанд. Бино ба хабарҳо, алакай даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар Украина дар саффи нирӯҳои Русия меҷанганд ва то имрӯз дар бораи кушта шудан ё ғайб задани дастикам се тоҷик дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.
Аз ҷумла Р.П., як ҷавони 20-солаи зодаи ҷамоати Ворух, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва 8 моҳ пеш ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд, дар як дивизияи танкӣ хидмат мекард. Қисми ҳарбии онҳоро рӯзи 24 феврал, билофосила баъди оғози “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба Украина партофта буданд. Аз он рӯз Р.П. ягон бор бо наздиконаш ба алоқа набаромадаст ва касе намедонад, ки сарнавишти ӯ чӣ шуд?
Ҳамчунин Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев, ду зодаи ноҳияи Дарвоз, ки шаҳрванди Русия буданд, низ дар Украина кушта шудаанд. Раиси ноҳияи Дарвоз гуфт, яке аз фавтидагон ронандаи тонк будааст ва “гӯё дар даруни тонк сӯхтааст, ҷасадашро ҳам наёфтанд”.
Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Абдуллоев чанд рӯз пеш бо ҳамсараш телефонӣ гап зада, гуфтааст, дар ҷангале дар муҳосира мебошанд.
Дар бораи марги ин зодагони Тоҷикистон маълумоти бештар дар даст нест ва мақомоти Русия дар ин бора маълумоти расмӣ пешниҳод накардаанд. Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд ё дар Русия дафн карда мешаванд?
Мақомоти Русия рӯзи 2 март гуфт, ки 498 тан аз нирӯҳояш дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро ҳудуди 11 ҳазор нафар эълон кардааст.

Комментарии (0)