РАСОНАҲО: ДАР МАСКАВ ЯК ТОҶИК ТИР ХӮРДААСТ ВА ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААНД

РАСОНАҲО: ДАР МАСКАВ ЯК ТОҶИК ТИР ХӮРДААСТ ВА ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААНД
Чанд нашрияи Русия, аз ҷумла ФАН (Федеральное агентство новостей) хабар доданд, ки шаби шаби 18 феврал ду зодаи Тоҷикистонро бо ҷароҳатҳои гуногун ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав оварданд. Бино ба иттилои нашрияҳо, яке аз ин муҳоҷирони тоҷик дар ҷараёни муноқишаи шабона дар ноҳияи Измайловои пойтахти Русия тир хӯрда, дуюмиро корд задаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин хабарро то ҳол шарҳ надода, рад ё тасдиқ накардааст, вале бино ба иттилои расонаҳои Русия, муноқиша шаби душанбе дар бозори воқеъ дар кӯчаи Вернисажная рӯй додааст. Ин бозори маъруф ба “Измайловский базар” ҳанӯз аз авоили солҳои 90 дар паҳлуи бозори дар он даврон машҳури Черкизово фаъолият мекард ва дар бозори кӯчаи Вернисажная асосан молҳои қадимаву кӯҳна ва ҳамчунин молҳои антиквариат ва армуғон (сувенир) мефурӯшанд.
Дар атрофи ин бозор ва фурӯшгоҳҳои дигаре, ки баъди тахриби бозори Черкизово дар ин ҷо бунёд шуданд, шумори зиёде аз ошхонаву тарабхонаҳо бо ғизоҳои шарқӣ, аз ҷумла бо ғизоҳои мардумони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, низ амал мекунанд.
Манбаи ФАН дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, “шаби 28 феврал дар инҷо байни ҷабрдидагон ва як марди ношинос муноқиша сар задааст ва он нафар ибтибо яке аз муҳоҷиронро аз туфангча парронда, сипас дуюмиро корд задаст.”
Маълум нест, ки туфангча силоҳи ҷангӣ буд ё травматикӣ? Ба ҳарду захмӣ дар бемористон кумаки тиббӣ расондаанд, вале дар бораи вазъи саломатии онҳо ва сабук, миёна ё вазнин будани ҷароҳатҳои бардоштаашон маълумоте дода нашудааст. Шахсияти нафари ҳамлагар ва сабаби муноқишаи ӯ бо ду муҳоҷири тоҷик низ маълум нест.
Танҳо гуфта мешвад, ки дар ҷои ҳодиса гуруҳи тафтишотӣ кор мекунад ва дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад. Тафтишот бояд аз ҷумла шахсияти ҳамлагарро муайян ва барои боздошти ӯ иқдом кунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий