2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР СӮХТОР ДАР КРАСНОЯРСК

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР СӮХТОР ДАР КРАСНОЯРСК
Субҳи барвақти 24 феврал дар як майдони сохтмонӣ дар шаҳраки Кошурниковои ноҳияи Курагинои кишвари Красноярск дар минтақаи Сибири ғарбии Русия се вагончае, ки ҳамчун хобгоҳи коргарон аз Осиёи Марказӣ истифода мешуд, ба коми оташ рафтааст. Дар натиҷа чор муҳочир ба ҳалокат расида, се нафари дигарро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотии додситонии кишвари Красноярск, қурбониёни ин сӯхтор зодагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Бино ба иттилои раёсати вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвари Красноярск, сӯхтор соати 04:53 ба вақти маҳаллӣ сар шуд. “Барои фурӯ нишондани оташ 12 нафар ва 6 мошин сафарбар шуд. Сӯхтор соати 06:45 фурӯ нишонда шуда, соати 08:09 пурра хомӯш карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи МЧС.
Раёсати тафтишоти кишвари Красноярск хабар дод, ки дар робита ба марги чор коргар бар асоси қисми сеюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия (ба ҳалокат расонд аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Додситонии кишвари Красноярск хабар дод, ки ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст ва додситони ноҳияи Курагино Андрей Шабанов барои омӯхтани ҷузъиёти ҳодиса ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Кошурниково рафтааст.
 “Дар натиҷаи сӯхтор дар хобгоҳҳои муваққат 4 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигарро дар бемористони ноҳияи Курагино бистарӣ кардаанд. Гумон меравад, ки расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва беэҳтиётӣ бо оташ сабаби сӯхтор шудааст. Шаҳрвандони ҳалокшуда ва ҷароҳатбардошта дар ширкати “Аркстоун” кор мекарданд. Ин ширкат бар асоси қарордод бо ширкати “РЖД” (“Роҳҳои оҳани Русия”) ба сохтани бинову иншоот машғул буд”.

Раёсати тафтишоти Красноярск хабар дод, ки коргарони “Аркстоун” дар шаҳраки Кошурниково барои “РЖД” пойгоҳи таъмирӣ месохтанд.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия қурбони сӯхтор мешаванд. Шаби 12 ноябри соли 2021 дар вилояти бо Красноярск ҳамсояи Иркутск сокинони маҳаллӣ вагончаи хоби муҳоҷиронро барқасдона оташ заданд. Дар натиҷа ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд.
Шаби 26 январи соли 2022 бар асари сӯхтор дар як гармхона дар вилояти Волгоград 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 3 нафар аз як оила ҷон бохтанд.
Соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ҷанозаҳои 950 муҳоҷири тоҷикро овардаанд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва ҷои зист, аз ҷумла сӯхтор, як сабаби умдаи марги зодагони Тоҷикистон дар Русия дониста мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий