РЕЙДИ ПУЛИС ДАР АТРОФИ МЕТРОИ “ШЕЛКОВСКАЯ”. МУҲОҶИРОН, ҲУШЁР БОШЕД! (2 АКС)

РЕЙДИ ПУЛИС ДАР АТРОФИ МЕТРОИ “ШЕЛКОВСКАЯ”. МУҲОҶИРОН, ҲУШЁР БОШЕД! (2 АКС)
Дар атрофи истгоҳи метрои “Шелковская” баъди барҳам хӯрдани як корхонаи мошинсозӣ, ширкати сохтмонии “Пик” сохтмони хонаҳои истиқоматии зиёдеро сар кардааст ва як қисмати аъзами коргарон дар ин сохтмонҳо аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистонанд.
Ин хонандаи “Ҳамсинф” аз муҳоҷирон хоҳиш кард, ки то тамом шудани рейдҳо аз рафтан ба тарафи минтақаи атрофи истгоҳи метрои “Шелковская” ҳаддалимкон худдорӣ кунанд, чунки метавонанд ба дасти кормандони пулис биафтанд.
Ӯ мегӯяд, тафтиши санадҳо ва боздошти муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон баъди ҳодисаҳои ахир, аз ҷумла ҳамлаи ғоратгарон ба як мағоза дар Истра ва занозании ду ҷавони тоҷик бо кормандони пулис дар истгоҳи метрои “Тулская” хеле афзоиш ёфтааст. “Дар ин шароит ягона чора барои бачаҳои тоҷик ҳамин мемонад, ки эҳтиёт кунанд!” мегӯяд ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба мағозаи “Пятёрочка” дар наздикии шаҳри Истраи вилояти Маскав 4 зодаи Тоҷикистон ва дар пайи занозанӣ бо кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” акаю додар Саидакрам Ҳамроеви 21-сола ва Умар Расулҷонзодаи 18-сола дастгир шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий