Як муҳоҷири душанбегӣ марди русро кушта гурехтааст
Гурӯҳи муҳоҷирон як сокини Обнински вилояти Калугаро латукӯб карданд, хабар медиҳад портали obninsk.name. Чанд нафар мардуми маҳаллӣ ва хориҷиён, сокинони Обнинск ва меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя дар маҷмааи фароғатӣ дар хиёбони Ленин — дар маркази шаҳр истироҳат мекарданд. Дар байни онҳо муноқиша сар шуд, ки он ба занозанӣ табдил ёфт. Бинни як иштирокчии 26-солаи занозаниро шикастаанд, ки боиси хунравии шадид шудааст. Як дӯсташ таксиеро даъват кард ва ӯро ба хонааш бурд, аммо ин нафар сипас мурд. Марҳум кӯдаки якунимсола дорад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, падари ҷавон мавриди ҳамлаи муҳоҷирон қарор гирифтааст. Онҳо дар ин куштор як сокини Душанберо, ки пас аз ин ҳодиса Русияро тарк кардааст, гунаҳкор медонанд. Дар бораи қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардид. Муфаттишон мехоҳанд экспертизаи иловагӣ фармоиш диҳанд ва ҷасадро берун бароранд. Моҳи сентябр дар деҳаи Бузаниновои Русия дар наздикии Сергиев Посад муҳоҷирон зани 65-соларо таҷовуз карда куштанд. Баъд аз ин, тақрибан 200 нафар ба кӯчаҳо баромада, ҷазои ҷинояткоронро талаб карданд.
Комментарии (0)